Без рубрики
Миёнаҳои моҳи феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, дар ҷумҳурӣ корҳои баргардонидани шаҳрвандон аз Сурия ва Ироқ шурӯъ шудааст. Солҳои охир ҳудуди ду ҳазор нафар ба ин ду кишвар рафта буданд. Аммо вазъ дар ҷумҳурӣ яксон нест: дар баъзе навоҳӣ теъдоди зиёде аз сокинон ба сафи гуруҳҳои экстремистӣ ҷалб шудаанд, аммо аз бархеи дигар ҳатто як нафар ҳам нарафтааст. (далее…)
В Кыргызстане государство частично возмещает затраты, понесенные гражданами при организации похорон. Однако знают об этом немногие, хотя, согласно положению о порядке предоставления ритуального пособия (на погребение) его могут получить все. (далее…)
Рӯзгори лулиҳои Тоҷикистон, ки солҳои мадид як зиндагии пӯшида доштанд, ҳамеша барои атрофиён ҷолиб буд. Ба вижа, мавзӯи мансубияти динии онҳо. (далее…)
Кыргызстанда калктын кыргыз тилдүү бѳлүгү кошулуп, психологдорго кайрылуу маданияты күн санап ѳсүүдѳ. Бирок, ѳлкѳдѳ мамлекеттик тилди тийиштүү деӊгээлде билген адистердин саны ѳтѳ эле аз.
Өлкөдө мугалим, дарыгер, спортчу жана коомдук ишмерлердин катарында жоолукчан аялдардын саны арбын.
Дар Тоҷикистон пешнависи қонуне дар бораи мамнӯъияти пӯшиши ҳиҷоб дар муассисоти давлатӣ ва хусусӣ мавриди баррасӣ қарор дорад. Коршиносон ин ибтикорро навъе таъарруз ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум мехонанд ва мегӯянд, ки «дунявият» ба сират ва замир аст, на ба сурат ва зоҳир.
Ба канали мо дар Telegram ҳамроҳ шавед!
Ҷамила омӯзгори риёзӣ дар яке аз мактабҳои маҳаллӣ дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, аст. Ҳоло, ҳангоми ҳозир шудан дар маҳалли кор вай маҷбур аст аз фароизи динӣ чашм пӯшад ва рӯсарияшро аз сар бардорад.
— Ман ҳама ҷо бо сатр меравам, ин интихоби ман аст. Чанд бор аз бахши кор бо занон ва хонаводаи шаҳрдорӣ ба ман ҳушдор доданд, ки сатрамро аз сарам бияндозам. Ҳатто таҳдидҳое ҳам шунидам.
Аҷиб аст, ки чаро Кумитаи кор бо занон ба ҷои дифоъ аз ҳуқуқи занон инчунин дастуру тавсияҳои табъизомез медиҳад?
[note note_color=»#e7e7e7″]Сатр — рӯсариест, ки аз пеш баста мешавад ва қафаси синаро ҳам мепӯшонад.[/note] Дар Тоҷикистон кумисиюни вижае барои таҳияи пешнависи қонун дар бораи мамнӯъияти ҳиҷоб дар муассисоти давлатӣ ва хусусӣ таъсис шудааст. Мубтакири ин тарҳи қонунзуорӣ Кумитаи кор бо занон ва хонаводаи ҳукумати Тоҷикистон аст.Дар моҳи декабри соли гузашта ин кумита номае бо чунин пешниҳод ба Додситонии кул фиристода ва ин ниҳод, ба навбаи худ, ин номаро ба дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ирсол кардааст.
Сиёсати маҳдудсозӣ
Мамнӯъиятҳои мазҳабӣ падидаи наве дар Тоҷикистон нест. Сиёсати маҳдудсозӣ дар ин ҳавза чанд сол пеш оғоз шуд — замоне ки мардонро маҷбур мекарданд ришашонро тарошанд ва занонро водор сесохтанд, ки ба ҷои ҳиҷоб рӯмол ва либоси миллӣ бипӯшанд.
Дар солҳои гузашта мавориде буд, ки гурӯҳҳое аз мансабдорон ва кормандони давлатӣ дар кӯчаву хиёбонҳо мегаштанд ва ба занҳои ҳиҷобпӯш мефаҳмонданд, ки ин навъ либос бо фарҳанги мардуми тоҷик бегона аст.

Аммо чунин иқдомоте дар сатҳи қонунгузорӣ барои мамнӯъияти ҳиҷоб бори аввал сурат мегирад.
Ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки ин ибтикор ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро, аз ҷумла дар заминаи озодии интихоби дин ва доштани эътиқод ва иродаи озод, ки дар Қонуни асосии Тоҷикистон ва мавозини ҳуқуқи башари байналмилалӣ сабт шудааст, помол мекунад:
[quote]»Бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ кард: ҳар шаҳрванде дар интихоби навъи либос ва шеваи зиндагӣ озод аст. Арзишҳо ва фалсафаи зиндагии ҳар шаҳрванд дар ин маврид омили таъйинкунанда аст. Муҳим аст, ки назми иҷтимоъӣ халал наёбад ва усули бунёдии Қонуни асосӣ риъоят шавад.[/quote]
Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии «Перспектива +», низ дар ин бора назаре мушобеҳ дорад:
«Шояд раҳбарони Кумитаи кор бо занон як бор ҳам матни Қонуни асосиро нахондаанд ва дарке ҳам аз мафҳуми давлати демукротик надоранд. Аз ин кумита на ба занон суде мерасад, на ба давлат. Пешниҳод мекунам, ки ин ниҳод барҳам дода шавад».
Рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова, ки худаш рӯсарӣ дорад, мегӯяд, ки аслан намефаҳмад, ки пӯшидани ҳиҷоб чи зараре ба муассисаҳои давлатӣ мерасонад:

— Ман ҳиҷоб мепӯшам ва зиндагиям хуб аст. Таҳсил мекунам, кор мекунам, фоидаам ба худам ва хонаводаам мерасад.
Ду сол аст, ки ҳамчун рӯзноманигори озод кор мекунам, аммо пеш аз он ҳам дар ширкатҳои хусусӣ ҳиҷоб пӯшидан ҳаргиз мушкиле бароям эҷод накардааст.
[pullquote align=»right»]»Барои чи зан наметавонад дар интихоби либоси худ озод бошад?[/pullquote]Пешниҳодҳое барои кор буд, аммо ба ман гуфтанд, ки бояд сабкамро иваз кунам — яъне ҳиҷобро дур андозам, аммо ман розӣ нашудам.
Кумитаи кор бо занон ва хонавода дар шаш моҳ як бор нишасти матбуотӣ баргузор мекунад. Ва ба хотири ҳиҷобам маро ба ин нишастҳо роҳ намедиҳанд.
Ман намефаҳмам, ки чаро зан наметавонад дар интихоби либоси худ озод бошад? Метарсам, ки тасвиби ин қонун бисёре аз хонаводаҳоро водор мекунад, ки тарки ватан кунанд ва ба кишварҳои дигар муҳоҷир шаванд.

Вокуниши ҷомеа
Пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ба вокунишҳои густурдае доман задааст. Дар Тоҷикистон хонаводаҳои бисёре ҳастанд, ки ба арзишҳои диниву дунявӣ ҳамзамон арҷ мегузоранд. Баҳс бар сари ин мавзӯъ дар интернет, ба вижа дар миёни корбарони тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ, доғтар шудааст.
[pullquote align=»right»]»Давлат худаш эътироф мекунад, ки бештари мардум мусалмон ҳастанд.»[/pullquote]Бисёре аз корбарон бар ин назаранд, ки занонро набояд дар чунин дуроҳаи интихоб қарор дод, зеро дар натиҷа, онҳо бисёре аз озодиҳо ва имтиёзоти дигари худро ҳам аз даст медиҳанд. Фарохоне видеоӣ барои худдорӣ аз тасвиби ин қонун ҳам дар интернет мунташир шудааст.
Мавлуда Вафоева, як сокини Душанбе, мегӯяд: «Давлат худаш эътироф мекунад, ки бештари мардуми мо мусалмон ҳастанд. Азбаски мо мусалмонем, пас онҳое, ки аҳкому фароизи диниро иҷро мекунанд, ҳақ доранд либоси мазҳабӣ пӯшанд. Чи лозим аст ин гуна муқаррарот, ки хашми мардумро бармеангезад?»
Худи Кумитаи кор бо занон ҳануз ин пешниҳоди худро шарҳ надодааст. Аммо дар посух ба дархосте хаттӣ масъулони он нивиштанд, ки гурӯҳе корӣ дар ин замина таъсис ёфта ва аз натоиҷи кораш ҳамаи расонаҳо хабардор хоҳанд шуд.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик, муътақид аст, ки ин пешниҳодҳо бештар ба хотири ин сурат мегирад, ки мақомот мехоҳанд вокуниши ҷомеаро бисанҷанд:
— Ин амр барои тасмимгирӣ бисёр муҳим аст. Бавижа агар ба масоили ҳассосе, монанди дин, рабт дошта бошад.
Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон сиёсати ниҳодҳои давлатиро фаҳмидан душвор шудааст. Мақомот ё сукут ихтиёр мекунанд, ё тавре рафтор мекунанд, ки як инсони дорои ақли салим аз рафторашон чизе наметавонад дарк кунад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷомеа садоҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки гӯё ин фақат як ибтикор аст ва ҳеҷ гуна санади қонунгузорӣ дар ин маврид тасвиб нашуда ва далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад.
Аммо гурӯҳи дигар бар ин боваранд, ки порлумони Тоҷикистон ҳар санади қонунгузориеро, ки ҳукумат мефиристад, бе чуну чиро тасвиб мекунад.
Ба назари ҳуқуқдон Шокирҷон Ҳакимов, аъзои порлумон иродаи сиёсии кофӣ ва шуҷоъати ҳирфаӣ барои рад кардан ва ё эрод гирифтан ба иштибоҳот ё костиҳои қавонини тасвидшуда надоранд. Ҳарчанд тибқи қонун, Додгоҳи Қонуни Асосӣ ва Кумисери ҳуқуқи башар (омбудсмен) метавонанд баъд аз тасвиби ин ё он қонуне расман ба он вокуниш кунанд.
Ҳакимов мегӯяд: «Аммо раиси ҷумҳур ва мубтакирони дигари тарҳу лоиҳаҳо чи андоза онҳоро ҷиддӣ мегиранд? Ин ба авомили пушти парда ва воқеъиятҳои сиёсии имрӯз бастагӣ дорад».

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки мубтакирони ин тарҳи қонунгузорӣ фақат ба зоҳир ва сурати масъала таваҷҷуҳ мекунанд ва аслу моҳияти онро нодида мегиранд:
— Мамнӯъияти ҳиҷоб аслан барои чи лозим аст? Барои пешбурди андешаҳои давлати дунявӣ?
Агар ҳадафи асосӣ мубориза бо ифрот дар диндорӣ бошад, пас барои густариши афкори дунявӣ миёни занон бояд зеҳнияти мардумро иваз кард.
Мо фаромуш мекунем, ки барои «дунявӣ» занон бояд сирати онҳоро иваз кард, на сураташонро. Яъне мо ба мардум бояд бартариҳои сабки зиндагӣ дар як ҷомеъаи дунявиро нишон бидиҳем. Оре, бояд нишон бидиҳем, на ин ки аз тариқи «корҳои фаҳмондадиҳӣ» ба занон таҳмил кунем.
[pullquote align=»right»]Барои «дунявӣ» кардани занон бояд сираташонро иваз кард, на сураташонро.[/pullquote]Ва барои ин ки ба ин ҳадафамон даст ёбем, бояд худамон аввал пешоҳанг ва намунаи ибрат барои дигарон бошем. Яъне мо бояд шахсияти ахлоқии бенақсу айбе дошта бошем, дурӯғ нагӯем, ҳаққи ятимонро нахӯрем, ришва нагирем, бе далел дар пайи озори касе набошем ва ғайра.
Оё касоне, ки мехоҳанд «арзишҳои дунявӣ»-ро ба дигарон ёд диҳанд, худашон омода ҳастанд, ки улгӯ ва ибратомӯзи дигарон бошанд? Агар «оре», пас ман аз онҳо сидқан ҳимоят мекунам. Агар «на», пас саъйи беҳуда накунанд.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи IWPR «Сабот дар Осиёи Миёна аз роҳи муколимаи озод» таҳия шудааст.
Дүние жүзі бойынша қудалауға ұшыраған христиандарға жәрдем беретін халықаралық «Open doors» ұйымының деректеріне сүйенсек, Қазақстан Орталық Азияның тағы үш елімен қатар «Иса Мәсіхке сыйыну сөзсіз қауіп тудыратын» мелекеттер тізіміне енді. Дегенмен, ресми Астана өз елін «діни еркіндік пен келісім өнегесі» деп таныстырады.
(далее…)
Саҳми ширкатҳои чинӣ дар тавсеъаи кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон дар солҳои ахир беш аз пеш барҷаста мешавад. Кишоварзон аз даромади мунтазам ва пардохти бамавқеъ хушҳоланд, аммо ба бовари коршиносон, ин заминҳо метавонистанд василаи даромади муносибе барои мардуми маҳаллӣ бошад.
Ба канали мо дар Telegram ҳамроҳ шавед!
Фотима Ниёзова, як сокини 68-солаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, кори кишоварзиро аз соли 1989 шуруъ кардааст. Тайи се соли ахир ӯ дар заминҳое кор мекунад, ки чиниҳо иҷора гирифтаанд:

— Кор бо чиниҳо аз он лиҳоз беҳтар аст, ки онҳо сари вақт музди корро пардохт мекунанд, ҳарчанд додани замин ба чиниҳо сокинони маҳаллиро нигарон кардааст. Зеро ин амр моро аз имконоти зиёде, ба монанди таҳияи ғизо барои чаҳорпоён маҳрум сохтааст.
Ман чандин бор ба мақомоти маҳаллӣ барои ҷудо кардани замин муроҷиат кардам, аммо талошҳоям натиҷа надод. Шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар ноҳияи мо замин мегиранд, аммо ман ҳар боре ки ба мақомот рӯй овардам, ки ба ман ҳам қитъае замин бидиҳанд, мақомот рад карданд.»

Хол Норов, як сокини 58-солаи ноҳияи Ёвон, низ тайи се соли ахир барои як ширкати чинӣ кор мекунад.

— Аз як тараф, ин як шуғли нисбатан хуб аст, чунки беш аз ҳазор сомонӣ (андаке баштар аз 100 дулор) моҳона мегирам. Аммо дар айни ҳол, барои як зиндагии шоиста ин маблағ кофӣ нест.
Мо мехоҳем, ки мақомоти маҳаллӣ барои мо низ қитъаҳои замин ҷудо кунанд, то мо битавонем дар он кор кунем ва ба зиндагии худ беҳбуд бахшем.
[note note_color=»#e7e7e7″]Дар ноҳияи Ёвон 540 нафар дар ширкатҳои чинӣ кор мекунанд, ки 486 нафарашон сокинони маҳаллӣ ва 54 тани дигар чиниҳо мебошанд. Маоши мутавассити сокинони маҳаллӣ 1086 сомонӣ (ҳудуди 115 доллар) мебошад.Аммо тибқи иттилоъи ширкати «Нуриҳои Осиё» дар шаҳри Леваканд, дар ин ширкат 235 нафар кор мекунанд, ки 41 нафарашон чинӣ ҳастанд. Маоши миёнаи сокинони маҳаллӣ дар ин ҷо 1830 сомони (муъодили 193 доллар) аст.
Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқи моҳиёнаи мутавассит дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 134 дулорро ташкил медиҳад.[/note]
Пештозони пардохти молиёт
Дар ноҳияи Ёвон ширкате ба номи «Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин» фаъолият мекунад, ки беш аз 1400 ҳектор заминро иҷора кардааст. Ин ширкат бо мақомоти маҳаллӣ барои истифода аз замин ба муддати 20 сол қарордод бастааст.
Вал Эн Пио, як намояндаи ширкати чинӣ, мегӯяд, ки ҳосили заминҳои онҳо бамаротиб бештар аз мазореъи сокинони маҳаллӣ аст:
— Мо аз ҳар ҳектор замин беш аз се тун панба, чаҳор тун гандум ва беш аз се тун ҷуворимакка мегирем. Дар ширкати мо 40 шаҳрванди Тоҷикистон ба сурати доимӣ ва беш аз 600 нафар бо қарордод ба кори мавсимӣ ҷалб шудаанд.
Бештари сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар кормандонро бо шартномав ё қарордод барои иҷрои корҳои мавсимӣ ҷалб мекунанд, аммо барои ин молиёт намепардозанд. Мо барои ҳар корманде, ки бо қарордод кор мекунад, 25 дарсад ба Сандуқи бима ва 14 дарсад молиёт мепардозем.
Базре, ки мо кишт мекунем, бо ончи мардуми маҳаллӣ мекоранд, чандон фарқе намекунад, аммо ба кумаки фанноварӣ ва таҷҳизоти хуби кишоварзӣ мо ҷамъоварии ҳосили киштро зудтар шурӯъ мекунем.
Мо бо мардуми ноҳия муносибати хубе дорем ва то ҳол касе шикоят накардааст.
Ба ҷуз ин, ширкати чинӣ бо муҷтамаъҳои кишоварзӣ барои расондани панба қарордод бастааст. Онҳо панбаро бо баҳои муносиб аз кишоварзон мехаранд, маҳсулоте аз он таҳия мекунанд ва дар хориҷ аз Тоҷикистон мефурӯшанд.
Тибқи иттилоъи Идораи умури кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, чиниҳо бо раисони ҳоҷагиҳои деҳқонӣ қарордод бастаанд, панбаро аз онҳо мегиранд ва дар корхонаҳои худашон маҳсулоте аз он тавлид мекунанд. Ва бештари кишоварзон тарҷеҳ медиҳанд панбаро на ба ширкатҳои маҳаллӣ, балки ба ширкатҳои чинӣ бидиҳанд, чун онҳо пулашро бамавқеъ мепардозанд.

Ҳукумати вилояти Хатлон ҳам ба фаъолияти ширкатҳои чинӣ нигоҳи мусбат доранд ва мегӯянд, ки онҳо аз миёни пардозандагони молиёт дар ҷануби кишвар пештоз ҳастанд.
[note note_color=»#e7e7e7″]Тибқи додаҳои Идораи омори вилояти Хатлон, дар аксари шаҳру навоҳии ин вилоят 22 ширкати чинӣ фаъолият доранд.Ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин 461 миллёну 462 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Сармоягузориҳои дигар 57 миллиёну 641 ҳазор долларро ташкил медиҳад.[/note]
Дар чорчӯби қонун
Дар ноҳияи Дӯстӣ ширкати санъатии ҶСП «Ҷунтай Хатлон» дар панҷ ҳазор ҳектор панба кишт кардааст. Дар ин ширкат тақрибан 15 шаҳрванди Тоҷикистону Чин кор мекунанд. Кормандони маҳаллӣ мегӯянд, ки маъоши хуб мегиранд.
Тибқи қарордоди ҳамкорӣ аз соли 2015, ин ширкат бояд дар 15 ҳектор аз заминҳо дар навоҳии Носири Хисрав, Қубодиён, Шаҳритус ва Дӯстӣ панба парвариш кунад. Замин ба ин ширкат барои 49 сол иҷора дода шудааст.
Раҳматулло Бобомуродов, як сокини ноҳияи Дӯстӣ, ба фаъолияти ширкатҳои чинӣ назари мусбат дорад ва мегӯяд:
— Чиниҳо заминҳоеро гирифтанд, ки солиёни зиёд бе кишту кор хобида буданд. Онҳо тавонистанд лӯлаҳои обрасонии фарсудаву харобро иваз кунанд ва обро ба заминҳо дубора ҷорӣ созанд.
Мардум имкони обёрии ин заминҳоро надоштанд ва ин заминҳо солиёни тӯлонӣ аз кор уфтода буданд. Ҳоло кишоварзон панба мечинанд ва бамавқеъ маъош мегиранд. Бештари панбакорон ҳосилро ба ширкатҳои чинӣ мефурӯшанд ва пулашонро бамавқеъ дарёфт мекунанд.
Чанд сол пеш сокинони ноҳияи Дӯстӣ аз чиниҳо чандон хушашон намеомад, чун муздашонро бамавқеъ пардохт намекарданд. Аммо акнун ин мушкил ҳал шудааст.
Ба гуфтаи Меҳнатулло Сироҷов, раиси Идораи кишоварзии вилояти Хатлон, масоҳати замини муносиб барои киштукор 305 ҳазору 272 ҳекторро ташкил медиҳад. Дар соли равон чиниҳо 11 ҳазору 765 ҳектор заминро иҷора гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони хатлонӣ мегӯянд, ҳеч ниёзе нест, ки заминҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷора дода шавад, зеро дар шароити Тоҷикистон замин манбаъи аслии даромади мардуми рустоӣ маҳсуб мешавад.
Раҳмон Шукуров, таҳлилгари масоили кишоварзӣ, мегӯяд, ин хатар вуҷуд дорад, ки чиниҳо дар тӯли муддате, ки заминҳоро иҷора мекунанд, мумкин аст тамоми минеролҳои онро аз байн баранд ва онро ба мазраъае беҳосил табдил диҳанд.

— Барои дубора барқарор кардани ҳосилхезии замин солиёни зиёде лозим аст. Ба ҷуз ин, маълум нест, оё базре, ки аз Чин ворид мешавад, ва мизони осебе, ки он ба замин ворид мекунад, ҳаргиз мавриди санҷиш ва таҳқиқи коршиносӣ қарор мегирад ё на.
Чунин таҷрубаи истифода аз замин дар кишварҳои дигар низ ба чашм мерасад. Масалан, корофаринҳои омрикоӣ, азбас дар кишвари худашон нархи нерӯи корӣ ва молиёт барои замин хеле зиёд аст, тарҷеҳ медиҳанд маҳсулоти кишоварзиро дар кишвари ҳамсояи Мекзик парвариш кунанд.
Зоҳиран чиниҳо ҳам дар Тоҷикистон ҳамин ҳадафро дунбол мекунанд.
Ин хуб аст, агар онҳо заминҳои азкоруфтодаро дубора ба кор баранд. Аммо феълан онҳо заминҳои хубу ҳосилхезро ба иҷора мегиранд. Дар ҳоле ки мардуми бумии худамон низ барои дарёфти замин талош меварзанд.
Шароити зиндагӣ дар деҳкадаҳо бад аст ва рустоиён маҷбуранд зери дасти чиниҳо кор кунанд, дар ҳоле ки метавонистанд худашон дар заминҳои худ кор кунанду даромади қобили тааҷҷуҳе ба даст оваранд.
Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо пуштибонии молии Вазорати умури хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароте, ки дар ин матлаб баён шудаанд, баёнгари мавзеъи IWPR ва ё созмонҳо ва кишварҳои кумаккунанда нест.
Ўзбекистонда буддойилар сон жиҳатдан мусулмонлар, христианлар ва яҳудийлардан кейин тўртинчи ўринда туради. Ушбу динга мамлакат аҳолисининг 0,2 фоизи эътиқод қилади. Айнан Ўзбекистонда Марказий Осиёда амалда бўлган ягона будда ибодатхонаси жойлашган.
(далее…)
Бештари тоҷиконе, ки дини худро иваз кардаанд, аз тарси мавриди муҳокимаи атрофиён қарор нагирифтан, эътиқодоти динии худро пинҳон мекунанд.
Ба канали мо дар Telegram ҳамроҳ шавед!
Намояндагони маркази миссионерии масеҳии “Greace Somin”, ки тоҷикони этникӣ ҳастанд, мегӯянд, пас аз он ки аз ислом ба масеҳият гузаштанд, дар хонаводаҳояшон бо мушкил рӯбарӯ шуданд. Аз ин рӯ пайрави дини масеҳӣ будани худро аз атрофиён пинҳон мекунанд.
Умед (ном иваз шудааст) яке аз чунин нафарон аст. Ӯ мегӯяд, баъди он ба масеҳият пайваст, ки модараш пас аз дуои тағои масеҳияш шифо ёфт:
-Вақте дар синфи 8 мехондам, тағоямро барои он ки дини исломро ба масеҳият иваз кард, ҳамеша “кофир” мегуфтам. Вақте модарам бемор шуд, табибони зиёде дар муолиҷааш бечора шуданд. Ӯ қариб ба ҳалокат расид. Аммо вақте тағоям барои ӯ дуо кард, шифо ёфт. Ин мисли муъҷиза буд. Баъди ин, динамро тағйир додам. Аммо мавриди муҳокимаи атрофиён қарор гирифтам, аз ин рӯ талош мекунам ифшо накунам, ки масеҳӣ ҳастам.
[pullquote align=»right»]Одатан мо дар бораи дини ман суҳбат намекунем, ба ҳамсояҳо низ умуман дар ин мавзӯъ гап намезанам. [/pullquote]Дар аввал ҳатто волидонам инро қабул надоштанд. Аммо вақте мушоҳида карданд, ки дар рафтору кирдор умуман тағйир наёфта, баръакс беҳтар шудаам, маро он гуна ки ҳастам, пазируфтанд.
Вале баъзан бо ҳамсарам дар ин маврид мушкил пеш меояд. Ӯ маро дарк намекунад. Одатан мо дар бораи дини ман суҳбат намекунем, ба ҳамсояҳо низ умуман дар ин мавзӯъ гап намезанам. Беҳтар аст, онҳо инро надонанд. Ба ҳама намешавад, фаҳмонд, зеро фанатҳо зиёданд.
Пресвитериан ва Пентикосталҳо
Пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ миссионерҳои зиёде ба Тоҷикистон омаданд. Он замон дар кишвар як қатор ҳаракатҳои протестантӣ, монанди ибодатгоҳи пентикосталҳо (пятидесятникҳо) “Ҳарфи зиндагӣ”, Калисои расулии ҷадид ва ғайра фаъол шуд.
Соли 1992 дар кишвар Калисои кореягии пресвитериании “Сонмин” ба фаъолият оғоз намуд, ки баъдан ба “Greace Somin” табдили ном кард.
[note note_color=»#e7e7e7″]Пресвитерианизм – як фирқаи протестантизм дар масеҳият мебошад. Он аз рӯи сохтори ташкилии калисоӣ, ки дар марказаш интихобӣ будани кашиш ва коҳин меистад, фарқ мекунад.[/note]Бо гузашти панҷ сол дар Тоҷикистон калисои пентикосталии Кореяи ҷанубӣ – “Сонмин Сунбогим” ба таври фаъол ба кор оғоз кард. Он расман сабти ном ва хеле маъруф шуда буд. Он замон теъдоди пайравонаш ҳудуди 2,5 ҳазор нафар гуфта мешуд.
[note note_color=»#e7e7e7″]Пентикосталҳо – масеҳиёни евангелӣ, пайравони ҷамъияти ҷаҳонии пентикосталӣ мебошанд, ки дар ҳоли ҳозир яке аз равияҳои пурнуфузи протестантизм ба шумор меравад. Онҳо ба Таъмиди Руҳи Муқаддас таваҷҷуҳи бештар равона мекунанд.Таълими пентикосталҳо аз даъват ба зиндагии намунавӣ, монанди даст кашидан аз шароб, тамоку, маводи мухаддир, бозиҳои саргармкунанда, суханҳои қабеҳ, ҳамчунин даъват ба меҳнатдӯстӣ, боэҳтиёт будан дар масоили оила ва никоҳ иборат аст. Бархе аз пайравони муҳофизакори ин равия дар ҳеч шароите ба даст силоҳ намегиранд.[/note]
“Сонмин Сунбогим” дар тамоми ҳудуди кишвар фаъолияти васеъ ба роҳ монд: ба хонаводаҳои камбизоат кӯмакҳои тиббӣ ва моддӣ расонда, давраҳои таълимии забони инглисӣ, саводнокии компютерӣ ва омӯзиши таэквондо созмон дод. Дар Хуҷанд миссионерҳои Кореаи Ҷанубӣ беморхона, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои таълимӣ бунёд карданд. Бештари чорабиниҳои калисо аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ мавриди дастгирӣ қарор мегирифт.
Аммо баъдтар адами таҳаммули диннӣ ва сиёсати назорат бар созмонҳои мазҳабӣ ба он оварда расонд, ки калисои мазкур давоми солҳои баъдӣ ба мушкилиҳое дар Тоҷикистон дучор шуд.
Якуми октябри соли 2000 дар бинои калисои протестантии “Сонмин Сунбогим” дар Душанбе ду бомб мунфаҷир шуд. Дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида, 48 каси дигар захм бардошт.
Барои ташкили ин амал соли 2001 ду донишҷӯи Донишгоҳи исломии Тоҷикистон равонаи зиндон шуданд. Дар ҷараёни тафтишот маҳкумшудаҳо изҳор доштанд, ки ҷиноятро бар пояи фаҳмишҳои динӣ анҷом доданд, зеро ба гуфтаҳои онҳо, ин ибодатгоҳ мусалмонҳои зиёдеро ба сафи худ шомил кард.
Тобистони соли 2017 додгоҳи шаҳри Хуҷанд кашиши калисои “Сонмин Сунбогим” Баҳром Холматови 42-соларо бо иттиҳоми экстремизм се сол аз озодӣ маҳрум намуд.
“Ба онҳо ҳеч муносибате надорем
Ҳоло дар Тоҷикистон ду маркази “Сонмин” мавҷуд аст. Дар Хуҷанд калисои протестантии “Сонмин Сунбогим” қарор дорад. Дар Душанбе бошад, онро ба маркази масеҳии “Greace Sonmin” табдили ном карданд.
Пас аз таркишҳо дар оғози солҳои 2000-ум фаъолияти ахирӣ ба рукуд рафт. Маркази масеҳӣ дар ошёнаи аввали бинои маскунии чорқабата қарор дорад. Пайдо кардани он осон набуд, зеро ҳеч навиштае, ки маълум шавад инҷо ташкилоти масеҳӣ қарор дорад, нест. Бо ин ҳол, марказ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа ба камбизоатҳо хӯроки ройгон тақсим мекунад.
[slider source=»media: 11871,11870,11869,11868″ width=»500″ height=»440″ title=»no»]Кашиши калисои “Greace Sonmin”, ки ба мо танҳо номашро Марат гуфт, дар сӯҳбат ба cabar.asia иброз дошт, онҳо хеч муносибате бо “Сонмин Сунбогим” надоранд:
[pullquote align=»right»]Онҳо бо мусулмонҳо ба масҷид мераванд, вале ба тарзи масеҳиҳо дуо мекунанд.[/pullquote]— Тибқи қонуни иттиҳодияҳои динӣ роҳбар бояд шахрванди Тоҷикистон бошад, ман зодаи Тоҷикистон ва аз оилаи мусалмон ҳастам. Наметавонам теъдоди дақиқи пайравонамонро бигӯям, бисёриҳо аз ифшои динашон худдорӣ мекунанд.
Масеҳиҳое ҳастанд, ки дар хонаводаҳои мусалмон зиндагӣ мекунанд ва метарсанд дар бораи динашон ошкоро суҳбат кунанд. Онҳо ҳамроҳи мусалмонҳо ба масҷид мераванд, аммо бо шеваи масеҳӣ ибодат мекунанд. Аз тарси наздиконашон эътиқодоти динии худро пинҳон мекунанд.
Ҳар рӯз дар ин марказ наздики сесад нафар ибодат мекунад. Ҳатто аз дигар ноҳияҳо барои ибодат меоянд. Дуруст аст ки вақте пайравони нав меоянд, мо мепурсем, ки чӣ гуна, барои чӣ, шояд касе аз дӯстон онро даъват кардааст. Дуруст намешавад, агар одамони нав ба назди мо биёянд, вале мо ба онҳо таваҷҷуҳ накунем.
Барои мо син ва дини онҳое, ки ҳар рӯзи сешанбе ва ҷумъа барои ғизохурӣ инҷо меоянд, муҳим нест. Мо бо мусалмонҳо мушкиле надорем ва ҳамеша дуо мекунем, ки дар Тоҷикистон оромӣ бошад.
Ин мақола дар чорчӯби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Миёна тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.