© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Аз ҷамоати мо касе ба Ироқу Сурия нарафтааст”. Рустоҳои Тоҷикистон чӣ гуна бо экстремизм муқобилият мекунанд

Миёнаҳои моҳи феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, дар ҷумҳурӣ корҳои баргардонидани шаҳрвандон аз Сурия ва Ироқ шурӯъ шудааст. Солҳои охир ҳудуди ду ҳазор нафар ба ин ду кишвар рафта буданд. Аммо вазъ дар ҷумҳурӣ яксон нест: дар баъзе навоҳӣ теъдоди зиёде аз сокинон ба сафи гуруҳҳои экстремистӣ ҷалб шудаанд, аммо аз бархеи дигар ҳатто як нафар ҳам нарафтааст. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English  На русском

Шаҳри Исфара, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон аз 12 ҷамоат – Ворух, Кулқанд, Лаккон, Навгилем, Нефтобод, Нурафшон, Сурх, Хонаобод, Чилгазӣ, Чоркуҳ, Шаҳрак ва Шӯроб иборат аст. Бештари сокинони маҳаллии ин шаҳр одамони диндоранд.  

Тирамоҳи соли гузашта Мансурҷон Умаров, муовини КДАМ Тоҷикистон зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, солҳои охир 1899 тоҷикистонӣ барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ ба Ироқу Сурия рафтаанд. Аз ин шумора 111 нафар сокинони Исфара ҳастанд.  

Ба иттилои Суруриддин Зиёваддинзода, сардори дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Исфара 70 дарсади онҳое ки ба сафи ҷангиёни ДОИШ (ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст-муаллиф) пайвастаанд, сокинони ҷамоати Шаҳрак  ва 30 дарсади дигар сокиноин ҷамоатҳои Навгилем ва Нефтобод мебошанд.

Нодира Авезова. Акс аз CABAR.asia
Нодира Авезова. Акс аз CABAR.asia

Бархеҳо сабабҳои ин ҳолро дар нокофӣ будани донишҳои диннӣ ва дунявӣ мебинанд. Ба гуфтаи Нодира Авезова, яке аз раҳбарони ҷамоати Чоркуҳ, онҳое экстремист мешаванд, ки аз Ислом ва шариат огоҳ нестанд: 

— Онҳо ҳатто китоб хондану намоз гузориданро наметавонанд, барои ҳамин зери таъсири одамони дигар қарор гирифтаанд. Аксари онҳо мегӯянд, аз надонистан ба ин амалҳо даст задаанд. Замонҳое буд, ки занҳо умуман ба кӯча намебаромаданд, танҳо мо — 4 ё5 зан ба кор мерафтем. Аммо ҳоло чунин ҳолатро мушоҳида кардан душвор аст. Онҳое ки экстремист шудаанд, ҳатто ба оддитарин саволҳо дар мавриди Ислом ҷавоб дода наметавонанд.

Акс аз CABAR.asia
Акс аз CABAR.asia

Дар ҷамоати Чоркуҳ се масҷиди ҷомеъ ва 22 масҷиди панҷвақта амал мекунад. Ба иттилои имомхатиб Орифҷон Ҳабибуллоев, рӯзҳои намози ҷумъа онҷо ҳудуди 6 ҳазор нафар ҷамъ меоянд: 

Рӯзҳои ҷумъа мо дар бораи ватандӯстӣ, маънову нишонаҳои эътиқод ва роҳҳои ҷалб нашудан ба гуруҳҳои экстремистӣ суҳбат мекунем. Дар масоҷиди панҷвақта дар ҳар намоз мавъиза мекунем ва ҳадис нақл мекунем. Мо ба мусалмонон мефаҳмонем, ки Ислом ин дини покист. 
Муаззам Назирова. Акс аз CABAR.asia
Муаззам Назирова. Акс аз CABAR.asia

Муаззам Назирова, сарвари кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷамоати Сурх яке аз сабабҳои рӯ овардан ба экстремизмро дар фақру нодорӣ мебинад. Ба гуфтаи ӯ, бештари онҳое ки ба гуруҳҳои террористӣ пайвастаанд, бо умеди дарёфти пули ба онҳо ваъдашуда ба ин роҳ рафтаанд:

-Вақте инсон ба ин мушкил гирифтор аст, бовару эътиқодашро аз даст медиҳад, дигарон аз ин вазъи ӯ истифода мебаранд, пул медиҳанд ва бо роҳи фиреб ба худ ҷалб месозанд. Хушбахтона, ман бо боварии том гуфта метавонам, ки аз ҷамоати Сурх ҳеч кас ба ҷангҳои Ироқу Сурия нарафтааст. Аммо бо ин ҳол мо пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиро анҷом медиҳем.  

Шодӣ Ҳафиззода, сарвари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ:

“75 дарсади онҳое ки ба ДОИШ (ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст-муаллиф) пайвастаанд, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд”.

Ҷаъфар, сокини Исфара:

-Мо бояд эҳтиёткор бошем, то моро истифода набаранд. Чаро кишварҳои дорои қудрати иқтисодӣ сабаби бадбахтии дигарон шудаанд? Нигоҳ кунед, ҳоло ДОИШ (ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, ки фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст-муаллиф) мағлуб шуд. Вақте иқтисоди Русия ба буҳрон гирифтор буд, террористон метавонистанд муҳоҷиронро бо ваъдаҳои дурӯғи пешниҳоди пул ба худ ҷалб кунанд. Аммо ҳоло вазъи Русия беҳтар шудааст ва одамон метавонанд онҷо сабаби зиндагии худро пайдо кунанд. 

Ба бовари имомхатиб Орифҷон Ҳабибуллоев, муҳоҷирони Чоркуҳ зери назорати наздиконашон қарор доранд, чун ҳамроҳ кор мекунанд ва ин хавфи ифротгароиро коҳиш медиҳад.


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод» таҳия шудааст.