© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Лулиҳои Тоҷикистон аҳли Ҳиндустонанд?   

Рӯзгори лулиҳои Тоҷикистон, ки солҳои мадид як зиндагии пӯшида доштанд, ҳамеша барои атрофиён ҷолиб буд. Ба вижа, мавзӯи мансубияти динии онҳо. 


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English На русском

Бештари тоҷикон бар инанд, ки лулиҳо ҳамдини онҳо нестанд, аммо ин ҳарфҳо воқеият надорад. Намояндагони ин аққалияти миллӣ мисли тоҷикон мусалмон ва суннимазҳабанд.

Санадҳои расмӣ дар мавриди замони ба қаламрави Тоҷикистон омадани лулиҳо мавҷуд нест. Бар пояи иттилои нуфусшумории соли 2010 теъдоди лулиҳо ҳамагӣ 2 ҳазору 234 нафарро ташкил додааст.

Намояндагони ин қавм ҳамеша зиндагии ҷудо аз ақвоми дигарро афзалтар медонистанд. Бино ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, феълан танҳо дар ду ноҳияи вилояти Хатлон – Восеъ ва Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 4,5 ҳазор лулӣ зиндагӣ мекунад. Теъдоди дақиқи лулиҳои ин минтақа қарор аст пас аз нуфусшумории соли 2020 маълум шавад.     

Панҷӣ Илҳомови. Акс аз CABAR.asia
Панҷӣ Илҳомови. Акс аз CABAR.asia

Панҷӣ Илҳомови 67-сола, раиси маҳаллаи лулиёни рустои Максим Горкий-2, воқеъ дар ҷамоати Халиварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, аҷдодони ӯ соли 1949 ба Тоҷикистон омадаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бештари лулиҳои қавмаш намедонанд, ки аҷдодони онҳо аҳли куҷо ҳастанд, аммо тоҷикон ба ин боваранд, ки онҳо аз Ҳиндустон мебошанд.    

“Мо аз Ҳиндустон нестем, падарам гуфта буд, аз шаҳри Тирмизи Узбакистон ҳастем. Бобо ва падари ман дар Тоҷикистон зиндагӣ кардаанд. Мо мусалмон ва пайравони мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем”,-гуфт Илҳомов.   

Сония Ҳоҷивалиева. Акс аз CABAR.asia
Сония Ҳоҷивалиева. Акс аз CABAR.asia

Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки андешаи дигар доранд. Сония Ҳоҷивалиева, лулизани 50-сола аз ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, лулиҳои Тоҷикистон аҳли Ҳиндустон мебошанд, аммо замони дақиқи ба ин сарзамин омадани аҷдодони онҳоро намедонад: 

“Ҳамаи онҳое ки аз Самарқанд ва Тошканд ҳастанд, мегӯянд, аҷдодони онҳо аҳли Ҳиндустонанд. Мо мусалмон ҳастем, намоз мегузорем ва рӯза мегирем. Забони ҳиндиро намедонам, чунки дар Тоҷикистон ба дунё омадаам ва бо тоҷикӣ гап мезанам. Аммо аҷдодони мо забони ҳиндиро медонистанд”. 

Мугат аз соҳилҳои Ганг 

Ба тахмини Ясриб Карим, коршиноси масоили иҷтимоӣ аз вилояти Хатлон лулиҳо ҳудуди 300 сол қабл, замоне ки Ҳиндустон зери истисмори Англия қарор гирифта, дороиҳои миллиашро аз даст дод, дар Осиёи Марказӣ пайдо шудаанд. Дар шароити фақри саросарӣ бештари ҳиндуҳо маҷбур шуданд ба кишварҳои дигар фирор кунанд.       

“Баъзан дар чеҳраи лулизанҳо холҳои гуногуни кашидашударо мебинем, ки шаҳодат медиҳад, ин занҳо ҳиндутаборанд. 20 сол пештар аксари тоҷикон ба ин бовар буданд, ки гӯиё лулиҳо мурдаи наздикони худро истеъмол мекунанд. Аммо ин ҳама воқеият надорад, зеро лулиҳо қабристон доранд ва дар ҷанозаи онҳо руҳониёни тоҷик ҳам ҳузур пайдо мекунанд”.    

Бештари тоҷикон лулиҳоро “ҷугӣ” мегӯянд. Дар Ирон онҳо ҳамчун “кулӣ” маъруфанд. Аммо онҳо худро “мугат” меноманд, ки решаи ҳиндӣ дорад. Чанд сол қабл синамогарони тоҷик ва иронӣ дар бораи зиндагии лулиҳо филми таҳқиқотие таҳия карданд, ки онҷо гуфта мешуд, лулиҳо аҳли соҳилҳои дарёи Ганги Ҳиндустон буда, онҳоро онҷо “мугат” меноманд.      

Дар рустои Максим Горкий-2, ки Панҷӣ Илҳомов онҷо зиндагӣ мекунад, қабристони деҳа ба се қисм ҷудо шудааст. Яке барои лулиҳо, дувумӣ барои тоҷикон ва сеюмӣ барои узбакҳо. Аммо бо далели набудани масҷид сокинони маҳаллӣ маҷбуранд, намози ҷанозаро дар анбори пахта гузоранд. 

Дар гузашта, аз муносибат бо мо ор мекарданд. Ҳоло бошад, якҷоя ибодат мекунем ва муносибат бо мо аз муносибат бо намозгузорони дигар ҳеч фарқе надорад”

Соли 2014 лулиҳои маҳаллӣ аз ҳисоби худ масҷид бунёд карданд. Онҷо на танҳо лулиҳо, балки тоҷикону узбакҳое низ, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд, барои ибодат меомаданд. Аммо тавре сокинони маҳаллӣ мегӯянд, соли 2017 мақомот барои он ки масҷид муҷаввиз надошт, дари онро бастанд.  

“Ҳоло одамон намозҳои худро дар хона мегузоранд. Танҳо рӯзҳои ҷумъа ба масҷиди марказӣ меравем. Ҳоло муносибати дигарон бо мо мисли қабл нест. Дар гузашта, аз муносибат бо мо ор мекарданд. Ҳоло бошад, якҷоя ибодат мекунем ва муносибат бо мо аз муносибат бо намозгузорони дигар ҳеч фарқе надорад”,-мегӯяд Илҳомов. 

Усмонали Нуров. Акс аз CABAR.asia
Усмонали Нуров. Акс аз CABAR.asia

Усмоналӣ Нуров, сархатиби масҷиди марказии вилояти Хатлон мегӯяд, намояндаҳои лулиҳоро мебинад, ки барои ибодат ба ин масҷид меоянд.

“Вақте мо ҷавон будем, солмандон мегуфтанд, ки лулиҳо мусалмон нестанд. Агар касе бо лулиҳо издивоҷ кунад, гунаҳкор мешавад. Аммо ҳоло чунин суханҳо аслан нестанд”,-афзуд Нуров.

Дар ҳамин ҳол, худи лулиҳо мисли солҳои қабл аз издивоҷ бо намояндагони миллатҳои дигар худдорӣ мекунанд. 

Аз гадоӣ хаста шудаанд

Маъмулан лулиҳо ба гадоӣ машғуланд, аммо ҳоло бештари онҳо шуғли худро тағйир додаанд. Талош мекунанд, шаҳрванди баробарҳуқуқи Тоҷикистон шаванд: ба кишоварзӣ машғул мешаванд ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Бархе аз лулиҳо ба тиҷорати хурд оғоз када ва мегӯянд, ин кор нисбат ба гадоӣ, ки шуғли аҷдодонашон буд, даромади бештар дорад.    

Бибианвар Идолмосова. Акс аз CABAR.asia
Бибианвар Идолмосова. Акс аз CABAR.asia

Хонаводаи Бибианвар Идолмосова низ дар гузашта ба гадоӣ машғул буд, аммо баъдтар аз ин кор даст кашид ва феълан аз ҳисоби тиҷорат ва муҳоҷират рӯзгорашро пеш мебарад. 

Ин хонум мегӯяд, аз гадоӣ хаста шуд ва феълан зиндагии навро оғоз кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло баъзан танҳо солмандон гадоӣ мекунанд, вале тадриҷан ин анъана аз миён меравад.

“Лулиҳо мисли гузашта фақиру бенаво нестанд. Онҳо низ мисли тоҷикон ба кишоварзӣ машғуланд. Як манбаи дигари даромади онҳо муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия мебошад. Ҳамаи ин сабаб шуд, то лулиҳо аз гадоӣ даст бикашанд”,-мегӯяд Идолмосова.

Бино ба иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҳукумати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, лулиҳо қонунгузории кишварро ба таври намунавӣ риоят мекунанд. Ба иттилои мақомот, лулиҳо шиносномаи тоҷикӣ дошта, ҳамасола намояндае аз ин қавм ба зиёрати Хонаи Худо меравад.

“Мисли шаҳрвандони дигар, лулиҳо барои анҷом додани ҷашну маросим иҷозатнома мегиранд ва ҳиссаи худро барои ҳалли мушкилоти ҷомеа мегузоранд”,-гуфтанд дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.  


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи IWPR “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” таҳия шудааст.