© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

“Зиндагии осудаи Марям пас аз даҳшати ҷанг”

Марями 11 сола имсол аввалин бор ба мактаб меравад. Ҳоло ҳамроҳ бо бобояш нахустин ҳарфҳои алифборо меомӯзад. Ин ҳама солҳо  ӯ ва хоҳару бародаронаш дар майдонҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ буданд.  Марям Шоева, яке аз аввалин наврасонест, ки мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалаӣ ӯро аз як ятимхонаи атфоли бесарпаноҳ дар шаҳри Бағдоди Ироқ, ба Тоҷикистон оварданд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Зоҳиран пас аз даҳшати ҷанг дар Ироқ ҳоло Марям ба зиндагии осуда даст ёфт. Вале ҳанӯз ҳам ёд дорад, ки чӣ гуна, ба гуфтааш ду соли пеш дар ҳамлаҳо волидайн ва бародару хоҳаронашро аз даст дод. Худи Марям бо ҷароҳати по зинда монд ва ба Тоҷикистон баргашт.

Марям Шоева

“Ман мехоҳам табиб шавам ва ба онҳое ки бемор мешаванд кумак расонам. Вақте модарам пеши чашмам захмӣ шуд касе набуд ки ба ӯ кумак кунад ва ӯ зинда монад. Агар ҳамон вақт як табибе мебуд шояд модари маро ки аз зарби бомба захмӣ шуда буд наҷот медод”-мегуяд Марям Шоева.

Марям Шоева аз зиндагӣ дар Миср ва баъдан дар Сурияву Ироқ хотираҳои хубе надорад. Бо ин ҳама кӯшиш мекунад бо атрофиён дар бораи ин саргузашти талхи худ зиёд сӯҳбат накунад. Аз ин хотир бобояш ки парастории ӯро бар душ дорад, талош мекунад ин хотираҳои бадро аз зеҳни наберааш дур кунад.

  Ҳоло мақомоти ноҳияи Ҳисор ҳам, ки парасторони Марям Шоева дар онҷо зиндагӣ мекунанд, муваззаф шудаанд, тамоми санадҳои ин наврасро барои мактаб омода кунанд. Омбудсмени кудак Раҷабмоҳ Ҳабибулло ва равоншиносони Салиби Сурх бо Марям суҳбат карда ҳолати руҳии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд. Онҳо  мегуянд, ҳар чи зудтар ба таҳсил фаро гирифтани Марям ва ҳамтақдирони ӯ, барои аз ёд бурдани рузҳои даҳшатноке ки аз сарашон гузаштааст, мусоидат мекунад.

 “Бозгашти Марям, даҳҳо хонаводаро барои дидор бо пайвандон умедвор кардааст”

Дар баробари Марям мақомоти тоҷик ду гуруҳи наврасонро аз Сурияву Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Бозгардонидани ин кудакон ба ватан ҳарчи бештар шуълаи умедро дар дили хонаводаҳое ки наздиконашон дар ин майдонҳои ҷанг нопадид ҳастанд бедор кардааст. Ҳатто дар баробари хабарнигорону созмонҳои ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон, акнун бархе аз сокинони оддӣ ҳам ба дидорбинии Марям мераванд ва ё орзуи ҳадди имкон суҳбат бо ӯро доранд.

Сабзагул Камолова, сокини шаҳри Душанбе, ки духтар ва чаҳор наберааш дар паноҳгоҳе дар Ироқ аст ҳоло суроғаи Марямро пайдо кардаву мехоҳад ба дидорбинии ӯ равад. Ӯ мегӯяд дидори ин наврас барояш мисли дидори духтару набераҳояш хоҳад буд, чун Марям ҳам чунин сарнавиштро аз сар гузаронидааст.  «Зиёд мехоҳам, якбор ӯро бинам. Як маротиба пурсам, шояд ӯ ҳам духтару набераҳои маро дар Сурияву Ироқ дидааст. Медонам ки Марям як умеде барои ман ва ҳамтақдирони ман аст»-афзуд Камолова.

Сабзагул Камолова

Бо шунидани хабари бозгашти ду гуруҳи кӯдакон Сабзагул ҳам мисли аксар дигар модарони чашм ба роҳ, ба бозгашти духтару набергонаш умед бастааст. Хонум Камолова мегӯяд Зӯҳро Хоҷаева, духтари 29-солааш  соли 2014 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Ироқ рафт. Шавҳари ӯ ба сафи гуруҳи «Давлати исломӣ» пайваст ва дар яке аз ҷангҳо кушта шудааст.

Ин модар мегӯяд хабарҳо дар бораи бозгашти кудакон дар расонаҳоро пайгирӣ мекунад ва мегӯяд шояд рӯзе пайвандони ӯ ҳам аз дараш медароянд. Зӯҳро Хоҷаева, яке аз ду духтари дугоники ин модар аст. Баъди бо як кӯдаки маълул аз шавҳари аввал ҷудо шудан, ӯ бори дуюм издивоҷ кард. Шавҳари дувуми Зӯҳро, Суннат Шокиров муҳоҷир буд. Соли 2014 Зӯҳро бо 4 фарзанд, бо даъвати шавҳар, ки гӯё дар Туркия кор мекард, ба ин кишвар ва баъдан ба Ироқ рафт. Сабзагул Камолова мегӯяд, он солҳо дар бораи ҷангҳои Сурияву Ироқ хабарҳо кам буд ва ҳеҷ фикр намекард, ки духтару набераҳояшро бо ду дасти худ ба майдони ҷанг мефиристад. Ҳоло ин модар барои бозгардонидани духтару наберааш ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нома навиштааст. Ӯ дар номаи худ аз ин ниҳод хостааст, ҳарчӣ зудтар барои овардани пайвандонаш талош кунанд.

Ҳоло мисли Сабзагул, даҳҳо модар дар Тоҷикистон орзӯи бозгашти ҷигарбандони худро доранд. Зоҳиран мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳам барои кӯмак ба ин хонаводаҳо даст ба кор шудаанд.

“Салиби Сурх  пайғомҳои тоҷикони узви “ДИИШ”-ро ба хонаводҳояшон мерасонад”

 Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми як соли охир даҳҳо пайғоми тоҷикони узви созмони мамнӯи

Воҳида Алиева, масъули шуъбаи муҳофизат дар Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх

“Давлати исломӣ” ва хонаводҳои онҳоро ба пайвандонашон дар Тоҷикистон расонидааст. Ба гуфтаи масъулини созмони байнулмилалӣ, онҳо дар баробари пайғомҳои катбӣ, суҳбатҳои видеоиро роҳандозӣ карда аз ин тариқ робитаи оилавии онҳоро барқарор мекунанд. Воҳида Алиева, як масъули шуъбаи муҳофизат дар Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, дар ҳоли ҳозир ин созмон имкон дорад суҳбатҳои видеоиро барои нафароне, ки пайвандонашон дар кишварҳои ҷангзадаи мисли Ироқ қарор доранд, роҳандозӣ кунанд. Алиева гуфт, маҳз ба хотири ҳамин кӯмакҳо чаҳор кӯдаки тоҷик аз ятимхонае дар Бағдоди Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Тайи як соли охир 10 кӯдаки тоҷик аз Ироқу Сурия ба ватан баргаштанд. Бо боз шудани роҳи баргардонидани кӯдакон аз майдонҳои ҷанг ба Тоҷикистон масъулин ва созмонҳои кор бо кӯдакон акнун дар фикри ҳимоя ва фароҳам кардани шароити хуб барои зиндгиву таҳсили ин кӯдакон дар кишвар шудаанд.

Раҷабмоҳ Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, баъди бозгашти кӯдакон ба ватан онҳо вазъи наврасон ва муҳитеро, ки онҳоро фаро гирифтааст, ҳамзамон муносибати хонаводаро бо ин атфолро омӯхтанд. Раҷабмоҳ Ҳабибулло мегуяд ҳоло дар баробари фароҳам кардани муҳити хонаводагӣ барои ин кудакон, ҳамзамон мақомоти маҳаллӣ ҳам муваззаф шудаанд барои омода кардани санади зарурӣ ба кӯдакон кӯмак кунанд. “Мутаасифона кӯдаконе, ки он ҷо қарор доштанд, ҳуҷҷати муайякунандаи шахсият надоранд. Мо дар ин масъала ба онҳо кӯмак мекунем. Масалан, вақте Марям баргардонида шуд, мо рафта аз ҳоли ӯ бохабар шудем. Бо наздиконашон сӯҳбат кардем, ки кӯдак дар муҳити созгор тарбия ёбад”.

         “Исму акси ин кӯдакон дар расонаҳо нашр нашавад”

ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид хостори бархӯрди муносиб бо кӯдаконе шуд, ки аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба Тоҷикистон оварда шудаанд.  Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак  ва ҳамин тавр Кумитаи Салиби Сурх таъкид ба он мекунанд, ки аз ин ба баъд исму акси ин кӯдакон дар расонаҳо нашр нашавад, чун ин ба ояндаи онҳо таъсири баде дорад. Масъулини Бунёди атфоли СММ ё ЮНИСЕФ ҳам мегӯянд бояд хонаводаҳое, ки кӯдакони баргардонидашударо ба парасторӣ гирифтаанд бояд аз нигоҳи молӣ дастгирӣ ёбанд, то тавонанд кӯдаконро дар шароити хуб ба воя расонанд. Ахиран ҳам равоншиносони Салиби Сурх корро бо чаҳор кӯдаки тоҷик, ки аз минтақаҳои ҷангзада ба Тоҷикистон оварданд, шурӯъ карданд. Ин созмон бо мусоидати равоншиносон талош дорад, барои мутобиқ шудани кӯдакон ба зиндагии нав ба онҳо кӯмак кунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад. Дар маҷмӯъ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд. Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Ҷурабоева С


Ингузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: