© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Зиндагии адвентистҳои рӯзи ҳафтум дар Тоҷикистон

Ҷамъияти адвентистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе соли 1990 таъсис ёфтааст, аммо пайдо шудани худи адвентизм дар Тоҷикистонро ба соли 1930 нисбат медиҳанд.


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


English На русском

*Ин матлаб дар доираи сил-силагузоришҳои CABAR.asia, ки бо ҳадафи огоҳии ҷомеа аз гуногунии фазои динии кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия мешаванд, омода шудааст. Муаллифони ин матолиб қасди тарғиби ҳеч дину мазҳаберо надоранд.   

Бар пояи иттилои китоби “Фарҳанги таърихии Адвентистҳои рӯзи ҳафтум”, ки ба қалами Гэри Лэнд таалуқ дорад, аввалин адвентистҳо ба Тоҷикистон соли 1929 омадаанд, солҳои 1930-юм бошад, олмониҳои адвентистӣ нахустин ҷамъияти худро инҷо таъсис доданд.

Феълан, адвентистҳои рӯзи ҳафтум ҷараёни динии расман сабтиномшуда дар Тоҷикистон ҳастанд ва дар шаҳрҳои Ҳисор, Хуҷанд, Турсунзода ва Душанбе калисо доранд.

Дар маҷмӯъ, бино ба омори Кумитаи дин, дар кишвар ҳудуди 4000 иттиҳодияи динӣ сабти ном шудааст, ки аз ин шумора 67-тоаш ғайриисломӣ мебошанд.

“Дар Тоҷикистон новобаста аз муносибат ва пайравӣ ба дин ҳама дар назди қонун баробар ҳастанд. Моддаҳои 5,8 ва 26-и Конститутсияи Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ба ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз ҷинс, ранги пӯст, нажод ва дин ҳуқуқи баробарро кафолат медиҳад”,-мегӯяд, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон.

Калисои адвентистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе. Акс аз CABAR.asia

Василий Скрипкор панҷ сол қабл ҳамроҳи хонаводааш аз Укроин ба Душанбе омад. Инҷо ба корҳои сохтмон машғул аст ва дар таъмири калисо кумак мерасонад.

Ба гуфтаи ӯ, феълан пайравони адвентизм дар Тоҷикистон ҳудуди 800 нафарро ташкил медиҳад. Аммо теъдоди онҳое, ки барои ибодатҳои рӯзи шанбе ба калисои Душанбе меоянд, 120-130 нафар аст. Муҳоҷирати меҳнатӣ теъдоди ибодаткунандаҳоро коҳиш додааст, бештари пайравони адвентизм тоҷикону узбекҳо мебошанд.   

“Нафароне ҳастанд, ки бо далели маризӣ наметавонанд ба калисо биёянд, мо худамон назди онҳо меравем. Дар гузашта бештари ибодаткунандаҳо рус ва олмонӣ буданд, аммо баъди ҷанги шаҳрвандӣ бештари онҳо кӯч бастанд. Дар кишвар сатҳи таҳаммулпазирӣ хуб аст. Мо бо мусалмонҳо муносибати нек дорем ва омода ҳастем, мавқеи дигаронро бишнавем. Аммо зидди ба вуҷуд омадани табъизҳо мебошем, масалан ин ки бигӯянд, “мо аз шумо беҳтар ҳастем, мо хуб ва шумо бад ҳастед, роҳи мо дуруст, аммо роҳи шумо ғалат аст”,-мегӯяд Скрипкор.  

Ба таъкиди ӯ, яке аз фарқияти аслии адвентистҳо аз дигар ҷараёнҳои масеҳӣ дар он аст, ки онҳо на рӯзи якшанбе, балки рӯзи шанбе барои ибодат ба калисо мераванд. Онҳо низ мисли мусалмонҳо гӯшти хук истеъмол намекунанд ва барои ибодат расму шамъро истифода намебаранд.

Рамзи ҷаҳонии адвентистҳои рӯзи ҳафтум аз соли 1997 ба ин сӯ истифода мешавад. Акс аз CABAR.asia
Адвентизм солҳои 1830 дар ИМА зуҳур кард. Асосгузори ин равия воиз Уилям Миллер мебошад. Ин ҷараёни динӣ одамонеро муттаҳид мекунад, ки ба зуҳури дубораи Исои Масеҳ бовар доранд (Адвентизм аз решаи калимаи “adventus”-омадан гирифта шудааст). 

Адвентистҳои рӯзи ҳафтум яке аз шохаҳои адвентизм мебошанд. Онҳо китоби Инҷилро ягона қоидаи дурусти бовар ва зиндагӣ медонанд, Васиятҳои даҳгонаи Инҷилро қатъан риоя мекунанд. Дар фаъолиятҳои сиёсӣ иштирок намекунанд ва ба гирифта гаштану истифодаи аслиҳа назари манфӣ доранд. 

Давомашро дар инҷо хонед: Ҷамъияти баптистии Тоҷикистон: 90 соли умеду орзӯҳо

Баҳриддин Сангинов, кашиши калисои адвентистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе аз синни 18 ба ин ҷараён гаравидааст. Дар хӯрдӣ ҳамроҳӣ волидон дар шаҳри Турсунзода, ки аз пойтахти кишвар 60 километр масофа дорад, иқомат мекард:

— Вақте синфи 6 мехондам волидонам аз ҳам ҷудо шуданд. Баъди ин падарам боз панҷ маротибаи дигар хонадор шуд ва бисёр чизҳо барои ман оддӣ гардид. Дар шаҳри Турсунзода калисои адвентистҳои рӯзи ҳафтум воқеъ буд. Як рӯз вақте аз назди он мегузаштам, дӯстам Русланро дидам. Ҳайрон шудам, зеро ӯ қаблан мусалмон буд. Ӯ маро ба дохил даъват кард. Ҳамон рӯз дар мавзӯи хонаводаи масеҳӣ мавъиза шуд ва таъкид гардид, ки хонаводаи масеҳӣ бояд аз як зан, як мард ва фарзандҳо иборат бошад. Ин яке аз сабабҳое гардид, ки адвентисти рӯзи ҳафтум шудам.    

Мутаасифона, дар кишвари мо фикр мекунанд ки Инҷил танҳо барои аврупоиҳо аст.

Аввалҳо ҳамеша хавф доштам, ки шояд касе маро онҷо мебинад. Онҳо дар бораи ин ки ман калисо меравам, чӣ мегӯянд? Дар оила мушкилиҳо пеш омад. Волидон гуфтанд, ки “ту ба чӣ эътиқод дорӣ? Ин китоб барои русҳо, барои аврупоиҳо ва барои амрикоиҳо аст”. Мутаасифона, дар кишвари мо фикр мекунанд, ки Инҷил танҳо барои аврупоиҳо аст.

Аммо ман ба мутолиаи Инҷил сар кардам ва ба модарам ҳам пешниҳод намудам, ки онро бихонад. Бо гузашти чанд вақт ӯ мушоҳида кард, ки ман тағйир ёфтаам ва ӯ низ ба калисо рафт. Баъди як сол хоҳарам низ ба ин ҷараён пайваст.

Толори ибодатҳои рӯзи шанбе. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи Сангинов, волидону наздикони тоҷикону узбакҳое, ки дини худро иваз карда, масеҳӣ мешаванд, онҳоро дарк намекунанд ва ин сабаби нофаҳмиҳо мегардад.

Давомашро дар инҷо хонед: Тоҷиконе ки динашонро тағйир додаанд, аз ифшои он меҳаросанд

“Ҳамаи тоҷиконе ки адвентист шуданд, дар аввал бо хонаводаҳояшон мушкил доштанд. Аммо бо гузашти вақт, наздикону пайвандон мушоҳида мекунанд, ки ба тарафи мусбат тағйир кардааст. Масалан, мо тамоку намекашем, дурӯғ намегӯем, машрубот наменушем, як ҳамсар дорем ва хиёнат намекунем. Аз ин хотир бо гузашти вақт муносибати ин афрод бо хонаводаҳояшон дубора хуб мешавад”,-таъкид мекунад Василий Скрипкор. 


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.