© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Зайнаб: Дар Сурия будани духтарамро аз мақомот фаҳмидам

Як хонавода дар шаҳри Ваҳдат бовар доштанд, ки духтарашон бо шавҳару кудаконаш дар Русия ба мардикорӣ машғул аст, аммо мақомот ба онҳо гуфтанд духтарашон ба гурӯҳи Давлати Исломӣ пайватааст.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Зайнаб
Зайнаб

 

Зайнаб, сокини 55-солаи  ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат дар интизори духтараш Мафтуна аст. Мафтуна Тағоймуродзода, ки 27 сол дорад, нуҳ сол пеш бо Абдуаҳад Замиров сокини 29- солаи ноҳияи Нуробод издивоҷ кард. Шавҳараш мисли ҳазорон нафари дигар таҳти фишори рӯзгор ба Русия рафт ва Мафтунаро бо худаш бурд.

Мафтуна пайваста бо хонаводааш дар ноҳияи Ваҳдат тамос мегирифту хотири модарро ҷамъ мекард, ки зиндагиаш хуб аст. То замоне, ки мақомоти ноҳия бо хабаре дар бораи Мафтуна модараш Зайнабро ҳайратзада карданд. Гуфтанд, ки Мафтунаву Абдуаҳад бо ду кудакашон муддатҳост на дар Русия, балки дар Сурия ба сар мебаранд.

Тавре модари Мафтуна қисса мекунад, ҳарчанд ӯ ва хонаводаашро баъди сафари духтарашон ба Сурия мақомот борҳо барои бозпурсӣ даъват мекарданд, аммо Мафтунаву шавҳараш пайваста мегуфтанд, онҳо дар Русия ҳастанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар ташвиш набошад.

Ин модар мегуяд ҳарчанд духтару домодаш дили ӯро пур мекардаанд, аммо ӯ дар маъаракаҳои деҳа ҳамеша як модари ҷиҳодӣ ва ангуштнамо шуда буд ва аз ин хотир худро аз ҳамдеҳагон канор мегирифт. “Вақте зиндагияш дар инҷо хуб набуд шавҳараш ба Русия рафт. Баъди чанд вақт, шавҳараш телефон кард, ки зану фарзандашро наздаш фиристем. Лекин аз шуъбаи корҳои дохилӣ вақте ин гапро гуфтанд, ҳайрон шудам. Албатта одам зиқ мешавад. Чихел якбора духтари ман Сурия меравад?”-мегуяд модари Мафтуна.

Ба нақли модар, Мафтуна духтари намозхон буд ва ҳеҷ як боре ҳам дар бораи ҷиҳоду Сурия ҳарфе ба забон намеовард. Ҳоло ин модар бо умеди бозгашти духтару домод ва ду наберааш чашм ба роҳи онҳо аст ва умед дорад, ки рузе онҳо аз дараш медароянд ва сари хамгаштаи модарро дар миёни ҳамдеҳаҳо боло мекунанд.

Мафтуна

Сарнавишти Мафтуна мақомҳои маҳаллиро бар он водор кард, ки як барномаи иҷтимоӣ анҷом диҳанд. Мақомот аз хонаводаҳое, ки фарзандонашон ба Русия муҳоҷират кардаанд, хостанд, то бо ироаи шавоҳиде собит кунанд, ки онҳо воқеъан дар Русия ба сар мебаранд.  

Сунбулой Шарифова, раиси ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат гуфт дар ин ҷамоат ҳудуди 30 ҳазор аҳолӣ ба сар мебарад, ки 50 дарсади онҳо занон мебошанд ва садҳо нафари онҳо барои пешбурди зиндагӣ ба муҳоҷират ба кишвари Русия рафтаанд.  Хонум Шарифова мегуяд Мафтуна собиқ сокини  ин ҷамоат ҳоло дар Сурия аст. Вай гуфт волидони Мафтуна ҳам мегӯянд, тайи як соли ахир бо духтарашон дар тамос нестанд. Мафтуна ки бо ду фарзанду шавҳараш дар Русия буд, аз ин хотир модараш ҳам умед доштааст, ки онҳо дар ин ҷо ҳастанд. Ӯ мегуяд онҳо низ аз зиндагӣ ин духтар дар Сурия хабар надоранд.

“Дар як ҷоягӣ бо бахши кор бо занони ноҳия аз хонаводаҳое, ки фарзандону пайвандонашон дар муҳоҷират ҳастанд хостем, ки аз онҳо хоҳиш кунанд то барои дақиқ шудани макони онҳо худро дар назди ҷойҳои таърихӣ ё ошно барои мардум акксосӣ кунанд ва баъдан ба волидон фиристода гуянд, ки онҷо ҳастанд”.

Сунбулой Шарифова, раиси ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат
Сунбулой Шарифова, раиси ҷамоати Баҳори шаҳри Ваҳдат

Ин тасмими мақомоти шаҳри Ваҳдат дар ҳолест, ки дар се соли ахир садҳо шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия тавассути ин кишвар ба Туркия ва аз онҷо ба Сурияву Ироқ рафтанд. Бар асоси омори расмӣ солона то 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам барои кор ба Русия мераванд. Додситонии кулли Тоҷикистон эълон кард, ки 90 дар садди онҳо аз тариқи Русия – Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.

Мақомоти шаҳри Ваҳдат ҳам мегуянд, ҳоло аслан кор дар самти муайн кардани макони будубоши ҷавононе идома дорад, ки моҳҳо боз аз Русия бо волидайнашон дар Тоҷикистон тамос надоранд ва танҳо тахмин зада мешавад, ки онҳо дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Аммо таҳлилгарон ин иқдоми мақомоти маҳаллиро роҳи ҳалли мушкил намедонанд. Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик мегуяд, ҳоло фановариҳои муосир рушд кардааст ва як ҷавон метавонад акси худро бо сад рангубор фотошоп кунад. Аз суи дигар ба таъкиди ин таҳлилгар ҳануз Тоҷикистон дорои интернети баландсуръат нест ки ҳангоми тамос ба пуррагӣ макони дақиқи будубошро собит кунад.

Аммо ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, мешавад  ҷавононе ки эҳтимоли пайвастани онҳо бо гуруҳи Давлати Исломӣ вуҷуд дорад,  аз вазъи хонаводагӣ ва аз суҳбату рафтори  онҳо макони зиндагӣ ва ё кори онҳо дақиқ кард.  

Соли гузашта мақомоти Тоҷикистон рӯйхати наздик ба 100 шаҳрванди кишварро дар ихтиёри Русия гузоштаанд, ки ба қавли онҳо эҳтимол бо гурӯҳҳои тундрав иртибот доранд. Мақомот мегӯянд, аз Русия дархост шудааст, то рафтори ин афродро таҳти назорат бигирад.

 Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ рафта ва беш аз 300 нафари онҳо ба мисли Мафтуна ва Абдуаҳад қаҳрамони гузориши мо хонаводаҳояшонро низ бо худ бурдаанд.

Бино ба иттилои мақомот, беш аз дусад кӯдаки тоҷик ҳамроҳи волидонашон ба Ироқу Сурия бурда шуда, дар бораи сарнавишти аксари онҳо маълумоте дар даст нест.

Сарвинози Рухулло

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: