© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

ҚОДИРӢ: ГАРОИШ БА ГУРЎҲҲОИ ИФРОТӢ НА ТАНҲО ДАР ТОҶИКИСТОН, БАЛКИ ДАР ТАМОМИ ҶАҲОН КОҲИШ ЁФТААСТ (ЧАНДРАСОНАӢ)

Коршиносону ниҳодҳои баландпояи вилояти Суғд мегўянд, назар ба солҳои қаблӣ гароиш ба ҳар гуна равияву гурўҳҳои ифротӣ солҳои ахир рў ба коҳиш ниҳодааст. Аммо бархе аз онҳо Афғонистони ҳамсояро яке аз хатарҳои бузургу ҷиддӣ тавсиф мекунанд.


Автор: Ҷамшед МАЪРУФ

ВИДЕО: БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ 5 СОКИНИ ҶАББОР РАСУЛОВ ВА БЎСТОН

Моҳи октябри соли равон додгоҳҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Бўстон парвандаҳои ҷиноятии 5 нафар аз бошандагони ин минтақаро баррасӣ намуда, онҳоро ба мўҳлатҳои гуногун равонаи зиндон намудаанд.

Бино ба як навори видеоии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, Бойматов Ҳомидҷон, Содиқов Мўъминҷон, Аҳмадов Бахтиёр ва Файзиев Маҳмудҷон, ки ҳама сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулованд, ибтидои соли 2016 дар ҷойҳои алоҳида сарҷамъ гардида, бо даъвати Бойматов Ҳомидҷон ба гирифтани таълимоти динӣ, аммо дар асл ҷалб шудан ба гурўҳҳои тундрави террористӣ ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст задаанд: «Ҳангоми ҷамъомад дар ҷойҳои алоҳида аз наворҳои видеоӣ ва адабиёту варақаҳои таблиғотии мутааллиқ ба равияи ифротии «Салафия» истифода мебурданд».

Гуфта мешавад, ин гурўҳ моҳи июни соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти вилояти Суғд дастгир гардида, алайҳи ин афрод аз ҷониби ин ниҳод парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. «Дар асоси моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодеки ҷиноятии ҶТ Бойматов Ҳомидҷон, Содиқов Мўъминҷон, Аҳмадов Бахтиёр ва Файзиев Маҳмудҷон гунаҳкор дониста шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҳар яки онҳо ба мўҳлати 5 сол дар зиндони низомаш шадид ҷазо таъйин гардид».
Дар ин навор ҳамчунин додгоҳи Бўстон Холматов Ҳалимбой, сокини ин шаҳрро, ки ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ даст задааст, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда гунаҳкор дониста, алайҳи ў бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и КҶ ҶТ парванда оғоз кардааст ва дар муддати 6 сол аз озодӣ маҳрум намудааст.

ДОДГОҲ: 77 ПАРВАНДА АЛАЙҲИ 128 НАФАР ДАР 6 МОҲИ 2017 (ВИДЕО)

Додгоҳи вилояти Суғд дар 6 моҳи соли 2017 алайҳи 128 нафар бо ҷурми ҷиноятҳои экстремистӣ-террористӣ 77 ҳукм содир кардааст, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 77 парванда алайҳи 180 нафар ашхос буд.

Бахтиёр Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд дар нишасти ахираш ба журналистон гуфт, ин нафарон бо ҷурми гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ ва ё ҷалби одамон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнўъ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд: «Ҳукмгирифтагон асосан бо моддаҳои «179», «187», «189», «307» ва «401»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, миёни онҳо 3 нафар ноболиғон низ дида мешаванд».

ДОДСИТОНӢ: ПАРВАНДАИ 97 НАФАР ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ-ТЕРРОРИСТӢ БА ДОДГОҲ РАФТ (САДО)

Додситонии вилояти Суғд давоми шаш моҳи аввали соли равон 230 ҷинояти хусусияти экстремистӣ-террористидошта ба қайд гирифтааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад камтар мебошад. Ин нукта дар нишасти хабарии Додситонии Суғд таъкид шуд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони вилоят дар ҳузури журналистон гуфт, дар самти муқовимат бо экстремизм, терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо оид ба амнияти миллӣ ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷўӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ мунтазам санҷида, аз натиҷаи онҳо чораандешӣ шудааст. Ў афзуд, дар миқёси вилоят 230 ҷиноятҳои экстремистию террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 100 адад кам мебошад. Ин рақам дар шашмоҳаи соли 2016, 330 ададро ташкил медод. «Вале ин ҳам мазмуни онро надорад, ки шумо фикр кунед, ҳамин 230 адад ҷиноятҳои экстримистӣ-террористиро дар 6 моҳи соли 2017 содир карда бошанд. Ман дар назар дорам, ки инҳоро мо ҳозир ошкор кардем ва ба қайд гузоштем. Аслан, агар инҳоро таҳлил кунем, бештари ин ҷиноятҳо солҳои гузашта ҳастанд, лекин аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ нав ошкор карда шуданд»,- мегўяд, Ҳабибулло Воҳидов.

Ба гуфтаи додситони Суғд, онҳо дар ин давра ҳамагӣ 178 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 248 нафар вобаста ба ҷиноятҳои экстремистӣ-террористиро тафтиш намуда, 67 адади онҳо нисбати 97 нафар ба судҳо фиристода шудаанд.

РАИСИ СУҒД: БАҒДОДӢ МУРД, ДИГАРАШ ҲАМ МЕМУРАД (САДО)

Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд мегўяд, дар қиёс ба 2 соли пеш гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ коҳиш ёфтааст.

Ҷаноби Қодирӣ дар нишасти ахири хабариаш дар посух ба суоли хабарнигори «Озодагон», ки «имрўз гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ дар кадом сатҳ қарор дорад», гуфт, ин раванд дар ҳоли коҳиш ёфтан аст. Ба таъкиди ў, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мизони гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ рў ба коҳиш аст. Далели ин, ба қавли раиси вилоят, ин аст, ки «ба ҳамон марказаш кор карданд. Суханҳое, ки ба ҷавонон мегуфтанд, ин ҷо зиндагии тиллоӣ асту бо ҳамроҳии фарзанду завҷаат биё, ин хел гапҳо тамом шуда рафт. Ал-Бағдодӣ мурд, дигараш ҳам мемурад. Барои ҳамин, албатта ин таъсири мусбии худро барои кам кардани он расонида истодааст».

Ба иддаои Абдураҳмон Қодирӣ, феълан дар вилояти Суғд анқариб гароиши ҷавонон ба ин равияҳо дида намешавад: «Ҳоло танҳо ҳолатҳоеро ошкор карда истодаем, ки солҳои пеш ҷавонон аз ҳудуди давлатҳои дигар ба гурўҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Аз рўйи маълумоти ба дастомада, ин ҷавононро боздошт намуда истодаем. Лекин шомилшавии нав мисли 2 соли қабл ҳоло нест. Ба фикрам дигар намешавад. Ман аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам, ки ба таври мушаххас гуфта метавонед, ки чанд кас нобуд шуду чанд кас монд? Ҳоло мо маълумоти дақиқ надорем, чунки ба Сурияву Ироқ алоқа нест, кӣ мурду кӣ монд, мо намедонем? Барои ҳамин, маълумоти дақиқ нест. Онҳое, ки сарҳардро гузашта, омадаанд, бо онҳо суолу ҷавоб карда истодаем».

Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд 17-уми январи соли 2017 аснои нишасти хабарии солонааш ба журналистон изҳор дошта буд, ки 322 сокини шимоли кишвар дар ҷангҳои Сурия қарор дорад. Ў гуфт, аз ин теъдод 39 нафар ҳамроҳи хонаводаашон рафтаанд. Миёни сокинони Суғд, ки дар Сурия ҳастанд, 42 ҷавон ва 28 духтар низ будаанд. Теъдоди ҳалокшудаҳо ба 51 нафар мерасад.

Ба иттилои ҷаноби Қодирӣ, дар ҷангҳои Ҷумҳурии исломии Афғонистон 51 ва дар муҳорибаҳои Ҷумҳурии исломии Покистон 73 сокини Суғд иштирок доранд.

Аммо дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Афғонистони ҳамсояро яке аз хатарҳои бузургу ҷиддӣ тавсиф кард: «Ҳамаи шумо хондед, ин хатари калони ҷиддӣ ҳаст. Инро роҳбарияти ҷумҳурӣ, давлатҳои СПАД медонанд ва инро мо ба ҳар бобат пешгирӣ мекунем».

РАИСИ ХУҶАНД: ТАНҲО 3 НАФАР ТАҲСИЛИ ХУДРО ДАР АРАБИСТОНИ САУДӢ ИДОМА МЕДИҲАД

Маъмурияти шаҳри Хуҷанд аз макотиби динии хориҷи кишвар беш аз 60 нафарро баргардондааст.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд ахиран дар нишасти нимсолааш дар ҳузури журналистон гуфт, бино ба маълумоти аввалия, 64 сокини шаҳр дар макотиби диннии кишварҳои хориҷ таҳсил доштаанд, ки қисми зиёди онҳо баргардонида шуданд: «Ҳоло фақат 3 нафар таҳсили худро дар давлати Арабистони Саудӣ идома дода истодаанд».

Шаҳрдории Хуҷанд мегўяд, талош доранд, бо роҳи тарғибу ташвиқ ва суҳбат бо хешутабори ин се нафар онҳоро ба Тоҷикистон баргардонанд.

ГЕНЕРАЛ: 8 ДОНИШҶЎРО, КИ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР «ҒАЙРИҚОНУНӢ ТАҲСИЛИ ИЛМИ ДИНӢ» МЕКАРДАНД, БА СУҒД БАРГАРДОНИДЕМ (АКС)

Раёсати умури дохилии Суғд мегўяд, давоми 6 моҳи соли равон 8 сокини вилоятро, ки дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсили илми динӣ менамуданд, ба Ватан баргардонидааст.

Шариф Назарзода, сардори ин ниҳод дар як нишасти хабарӣ гуфт, ин афрод «дар натиҷаи ташкил ва амалинамоии корҳои фаҳмондадиҳӣ» ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ба гуфтаи ў, донишҷўёни баргашта сокинони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон, Панҷакент, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт мебошанд.

Раёсати умури дохилии Суғд рўйхати ин донишҷўёнро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт:

— Ғиёсов Тоҷиддин, соли таваллуд 1985, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва 4 фарзанди ноболиғ;
— Тоҳиров Файёз, соли таваллуд 1986, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамроҳи ҳамсар ва 2 фарзанди ноболиғ;
— Садриддинов Аббос, соли таваллуд 1984, сокини шаҳри Панҷакент;
— Муҳаммади Тўйчизод, соли таваллуд 1975, сокини шаҳри Панҷакент;
— Юсуфов Фазлиддинхон, соли таваллуд 1988, сокини шаҳри Хуҷанд;
— Солиҳов Саидбаҳром, соли таваллуд 1987, сокини шаҳри Гулистон;
— Ҳомидов Умарҷон, соли таваллуд 1992, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
— Мўҳсини Матқосим, соли таваллуд 1991, сокини ноҳияи Ашт.
Аммо эълон нашуд, ки ин донишҷўён дар кадом кишварҳо қарор доштанд.

АКС+ВИДЕО: ПЕШГИРИИ ДУ АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Раёсати умури дохилии Суғд давоми 6 моҳи соли равон аз ду амали террористӣ дар шимоли Тоҷикистон пешгирӣ кардааст.

Шариф Назарзода, собиқ сардори ин ниҳод зимни нишасти хабариаш дар Шаҳристон ба хабарнигорон гуфт, дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ 2 амали террористӣ пешгирӣ, ҷинояткорон дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд.

Ба суоли хабарнигори «Озодагон», ки ин кўшиши амалҳои террористӣ дар кадом манотиқи вилоят буд, Назарзода гуфт, яке аз ин амалҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дигаре дар шаҳри Истаравшан буд: «Ҳамин ҷинояте, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пешгирӣ карда шуд, баъзе аъзои он аз дигар давлати хориҷа буданд. Мо парвандаи ҷиноятии «сўйиқасд ба терроризм» оғоз кардем. Як нафари онҳо дастгир карда шуд, ки Шерзод Нормаматов, сокини ҳамин ноҳия мебошад. Якчанд нафар, ки аз дигар давлатҳо буданд, ному насабашро намегўям, зеро аз дигар давлаҳоянд. Мо пешниҳод кардем ва 4 нафари дигарро дар кишвари ҳамсоя дастгир карда, ба ҷавобгарӣ кашиданд».

Ба гуфтаи генерали тоҷик, ин амалҳоро мақомоти умури дохилии Суғд муайян кардааст. «Дигар амали террористӣ дар шаҳри Истаравшан буд. Дастгир кардем, яроқ ҳам гирифтем ва амалҳои террористиро пешгирӣ намудем»,- афзуд ў.

Шариф Назарзода дар идома изҳор дошт, «ҷиноятҳои террористӣ ин содир кардани амалҳои террористӣ алайҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигараш содир кардани таркишҳо буд, ки онҳоро пешгирӣ кардем».

Баъд аз баргузории нишасти хабарии нимсола дастаи зудамали ин ниҳод, маъруф бо «ОМОН» аз пешгирии ду амалиёти террористӣ барои журналистон намоиш доданд, ки дар ин амалиёт онҳо «гурўҳе аз террористон»-ро барҳам медиҳанд.

АМАЛИЁТИ МАҲВИ ТЕРРОРИСТОН АЗ СЎИ ДАСТАИ ЗУДАМАЛИ «ОМОН»

Гузориши ахири Департаменти давлатии ИМА, ки 19-уми июли соли 2017 нашр шуд, вазъи терроризми байналмилалиро аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2016 таҳлил карда, гуфтааст, шумори ҳодисаҳои террористӣ дар ҷаҳон дар соли 2016 назар ба як соли пеш 9% коҳиш ёфта, ҳалокати инсонҳо бар асари ҳодисаҳои террористӣ назар ба 2 соли қабл, 13% кам шудааст.


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.