© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Низоми энергетикии Осиёи Марказӣ: Маҳкум ба рушди якҷоя

Имконияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини нерӯи барқ ҳамасола бештар мешавад, аммо зарур аст, то масоили гидроэнергетикӣ дар ҳамкорӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳал карда шаванд, таъкид мекунанд коршиносон.


English На русском

30 ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши минтақавӣ дар мавзӯи масоили гидроэнергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ин мизи гирд дар чорчуби вохӯрии хатмкардаҳои Мактаби таҳлилӣ ва рӯзноманигории таҳлилии CABAR.asia сурат пазируфт. Таҳлилгарони ҷавон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Қазоқистон нуқтаи назари кишварҳои хешро перомуни истифодаи чархаи аввали НБО Роғун ва дар маҷмӯъ авзои обу энергетикии минтақа изҳор намуданд. 

Коршиносон таъкид намуданд, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба тариқе буҳрони энергетикиро эҳсос мекунанд. Аз ин рӯ, бунёд ва фаъол шудани иншооти азиме монанди НБО Роғун унсури муҳиме на танҳо барои манфиатҳои миллии Тоҷикистон, балки иқтидори гидроэнергетикии кишварҳои ҳамсоя низ мебошад.

Роғун чӣ гуна бунёд шуд

Ба гуфтаи корманди илмии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Шералӣ Ризоиён, дар тамоми давраи сохтмони НБО Роғун аз буҷаи кишвар 24 миллиард сомонӣ (2,64 миллиард доллар) масраф шудааст.

Шералӣ Ризоиён. Акс аз: CABAR.asia
Шералӣ Ризоиён. Акс аз: CABAR.asia

Вай дар идома афзуд, новобаста аз сарусадоҳои зиддироғунӣ дар минтақа, ҳукумати Тоҷикистон собит намуд, ки бо доштани иродаи сиёсӣ ва дарки муҳимияти бунёди чунин иншоотҳои азим метавонад манфиатҳои миллии худро ҳифз намояд.   “Роғун ба мо имкон медиҳад, аз ҷиҳати энергетикӣ бениёз бошем. Давоми 10 соли ахир, ба вижа дар фасли зимистон аҳолии кишвар ба норасоии шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ буд”,-илова кард ӯ.

“Имрӯз дар Осиёи Марказӣ фазои нави геополитикӣ дар ҳоли шакл гирифтан аст ва равандҳои бавуҷудомада метавонад комилан муттаҳидии минтақаро таъмин намояд”,-таъкид намуд Ризоиён.

Андешаи ӯро рӯзноманигор-таҳлилгар Нуралӣ Давлатов тақвият медиҳад. Ба андешаи ӯ, мушкилоти сиёсии марбут ба сохтмони НБО, ки қаблан вуҷуд дошт, ҳал шудаанд. Танҳо ҳалли масоили молӣ боқӣ мондааст.

“Фоиданок будани ин тарҳ маълум аст. Дар оянда чӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чӣ Осиёи Ҷанубӣ метавонанд дар бунёди он бо Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд. Бар илова, истисно нест, ки Ғарб низ барои анҷоми он манфиатдор мешавад”,-афзуд Давталов.

Ҷавлон Боймат. Акс аз: CABAR.asia
Ҷавлон Боймат. Акс аз: CABAR.asia

Чанд сол қабл, Узбекистон зидди бунёди НБО Роғун дар Тоҷикистон ва НБО Қамбарота дар Қирғизистон буд. Вазъият то ҳадди таҳдиди оғози ҷанг ва муҳосираи ҳамсояҳо расид, мегӯяд сиёсатшинос ва коршинос дар умури сиёсат ва амният дар Осиёи Маркази Ҷавлон Боймат. Аммо баъди он ки дар Узбекистон ҳокимият иваз шуд, дар муносибот бо кишварҳои ҳамсоя тағйироти мусбат ба назар мерасад.   

“Мақомоти расмии Узбекистон шарҳ надод, ки чаро мавқеаш дар нисбати бунёди Роғунро тағйир дод. Аммо таъкид шудааст, ки беҳтар намудани муносибот бо ҳамсояҳо дар авлавият қарор дорад”,-гуфт, Ҷавлон Боймат.

Дар мавриди НБО Қамбарота пешгӯии таҳлилгар ва пажуҳишгар аз Бишкек Амангелди Жумабаев дар солҳои оянда дилгармкунанда нест. Сабаби асосии қатъи сохтмонро ӯ дар нокифоя будани ҷалби сармоягузорӣ бо далели авзои сиёсии Қирғизистон мебинад. Бар илова, арзиши поини нерӯи барқ дар кишвар мизони бозпардохти пружаро коҳиш медиҳад.   

“Қирғизистон барои пайдо кардан ва ҷалби сармоягузорон талош мекунад, аммо давоми 2-3 соли оянда дар ҷараёни сохтмони НБО Қамбарота тағйироте намешавад”,-андеша дорад Жумабаев.

“Роҳи бозгашт нест”

Муовини раиси Институти Осиёи Марказии тадқиқоти стратегии Қазоқистон Фарҳод Аминҷонов мегӯяд, тавсеаи низоми гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ бояд дар авлавият қарор дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, солҳои қаблӣ ҳамсоякишварҳо мувозинати содиротӣ-воридотии низоми энергетикиро вайрон карданд. Аз ин рӯ истифода додани НБО Роғун ягона роҳи баромадан аз буҳрони энергетикӣ дар Тоҷикистон аст.  

Соли 2014 баъди анҷоми бунёди НБО Сангтуда-1 ва Сангтуда-2 бо қарзи Эрону Русия, Тоҷикистон маҷбур шуд новобаста ба норасоии нерӯи барқ дар кишвар, онро ба Афғонистон бифурӯшад, то қарзҳоро баргардонад.

Фарҳод Аминҷонов. Акс аз: CABAR.asia
Фарҳод Аминҷонов. Акс аз: CABAR.asia

“Чун чархаи аввали НБО фаъол шуд, дигар роҳи баргашт нест. Дар робита, мебояд сохтмони он ҳар чи зудтар анҷом шавад. Ва ҳоло ки пиряхҳо об мешаванду захираи об ҳаст, он бояд бо об пур карда шавад”,-илова намуд ӯ.Аз ин хотир коршиносон таъкид мекунанд, ки анҷоми ҳарчи зудтари сохтмони НБО Роғун омили мусбат хоҳад буд. Аммо ин тарҳ бояд дар чорчуби низоми энергетикии тамоми минтақа баррасӣ шавад, на як кишвар, мегӯяд Аминҷонов.   

Ба қавли вай, ба бунёди Роғун ҷалб кардани Узбекистон барои ҳар ду кишвар манифатовар аст. Бар илова, ин роҳи барқарор намудани савдои захираҳои энергетикӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамвор мекунад. Аммо Аминҷонов таъкид мегунад, ки механизми тақсимоти захоири обу энергетикӣ бояд самаранок бошад.

“Мо наметавонем ҳисоб кунем, ки дар дарозмуддат бароямон чӣ қадар нерӯи барқ лозим аст, вале метавонем дақиқ бигӯем ки барои соли оянда чӣ қадар ниёзмандӣ дорем. Аз ин рӯ кишварҳоро зарур аст, ҳамасола талаботу шароитро бозбинӣ кунанд. Ва танҳо баъди ин механизми минтақавиро коркард намоянд”,-гуфт Аминҷонов.   

Меруерт Сейдуманова. Акс аз: CABAR.asia
Меруерт Сейдуманова. Акс аз: CABAR.asia

 Ҳанӯз дар садади оғози сохтмони НБО Роғун дар робита ба ин пружа дар шаҳри Алмаато чанд давраи музокирот бо иштироки намояндаҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон баргузор шуд. Ин авлавияти мавзӯи мазкурро барои Осиёи Марказӣ нишон дод, мегӯяд сиёсатшинос ва иштирокчии Мактаби таҳлилгарони CABAR.asia Меруерт Сейдуманова. Экспертизаи байналмилалии сохтмони НБО, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ Қазоқистонро расман барои ризоият ба бунёди НБО Роғун ва Қамбарота моил намуд.     

“Қазоқистон ба таҳкими муносиботи некҳамсоядорӣ ва ҳамкории мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасманд мебошад. Давлат омодаи иштирок дар баррасиҳои захоири гидроэнергетикӣ дар минтака бо назардошти манфиатҳои кишварҳои болооб ва поёноб аст”, -таъкид намуд Сейдуманова.

Об ба ҳама мерасад

Соли 2008 бештари коршиносон бовар намекрданд, ки талоши Тоҷикистон барои мустақилона сохтани НБО натиҷа медиҳад. Аммо ҳоло аксари коршиносон ба имконоти васеи пружа барои таъмини минтақа бо нерӯи барқ таъкид мекунанд.

“Бо назардошти хусусиятҳои вижа минтақаи мо маҳкум ба рушди муштарак аст. Ва ҳар иқдоме, ки дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад, таъсири мусбате ба тамоми Осиёи Марказӣ дорад. Дар мавриди танзими ҷараёни об ва хавфи норасоии он, бояд бигӯем, ки ҳамсояҳоро бе об намегузорем”,-гуфт Шералӣ Ризоиён.


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Норвеж амалӣ мегардад, таҳия шудааст. Назарҳои дар матлаб овардашуда, мавқеи сомона ва донорро инъикос намекунанд.