© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Гурезаҳои тоҷик дар Аврупо: дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар

Давоми чанд соли ахир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ мақоми паноҳанда дарёфт карданд. Ин афрод киҳоянд ва оё гирифтани ин мақом барои тоҷикистониҳо дар кишварҳои Аврупо осону содда аст?


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


English На русском


Урдугоҳ барои паноҳандагон дар Олмон: Акс аз CABAR.asia
Урдугоҳ барои гурезаҳо дар Олмон: Акс аз CABAR.asia

Раванди фирори оммавии тоҷикистониҳо ба кишварҳои Аврупо аз соли 2015, замоне оғоз гардид, ки дар кишвар фаъолияти ҲНИТ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) мамнӯъ эълон шуда, даҳҳо узви он боздошт ва барои муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд.

Созмони экстремистӣ эълон шудани ҲНИТ ва “Гуруҳи 24” сабаби ба Аврупо рафтани мухолифини тоҷик шуд. Пас аз ошӯби генерал Ҳоҷӣ Абдуҳалим Назарзода (маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим) дар соли 2015 вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бадтар шуд. Баъди бастани чанд нашриёт ва сомонаҳо даҳҳо рӯзноманигор низ ватанро тарк намуда, аз кишварҳои аврупоӣ ва Амрико мақоми паноҳандаро дархост намуданд. 

Бархе аз таъқиб гурехт ва қисме ҳам кишварро бо қасди пайдо кардани зиндагии беҳтар тарк намуд.

 

Гурезаҳои тоҷик ҳам мисли паноҳҷӯёни дигар дар Аврупо бо макони зист таъмин шуда, миқдори муайяни маблағ мегиранд ва ба забономӯзӣ ҷалб мегарданд.

Урдугоҳи гурезаҳо дар шаҳри Ҳерфорд, Шимолӣ Норвегия-Вестфилия Олмон. Акс аз CABAR.asia
Урдугоҳи гурезаҳо дар шаҳри Ҳерфорд, Шимолӣ Норвегия-Вестфилия Олмон. Акс аз CABAR.asia

Нарзуллои 29-сола (аз ифшои насабу номи падараш худдорӣ кард) ҳоло дар Олмон зиндагӣ мекунад. Ӯ дар Покистон таҳсил карда, як муддат онҷо кор низ кардааст, аз ин рӯ фикр мекунад дар Тоҷикистон бо иттиҳоми экстремизм ё терроризм ба зиндонаш меандохтанд. Аз соли 2010 ҳукумат таълими шаҳрвандонаш дар муассисаҳои олии диннии кишварҳои исломиро манъ кард. Ин тасмим ба он асоснок карда шуд, ки донишҷӯёни тоҷик баъди баргаштан аз чунин донишгоҳҳо аз ҳад ифротӣ мешаванд: 

-Бештари ҷавононе ки ба даъвати мақомоти тоҷик дар мавриди тарк намудани кишварҳои исломӣ итоат накарданд, бо ин ё он ҷурм муттаҳам шуданд. 

Ҳамроҳ бо ду рафиқам дар оғози соли 2017 аз Покистон нахуст ба Туркия, баъдан ба Юнон ва аз он ҷо ба Олмон рафтем.

Се нафари дигар талош намуданд, бо хатсайри дигар – тавассути Маскав ва Белорус ба Олмон бираванд, аммо муваффақ нашуданд. Дар Белорус қасд доштанд, ки ғайриқонунӣ ба Лаҳистон бигзаранд, аммо аз ҷониби марзбонони лаҳистонӣ дастгир шуданд. Ҳоло тақдири онҳо бароям рӯшан нест, мақомоти Лаҳистон ва Белорус онҳоро ихроҷ карданд.

Ман ҳоло наметавонам дар Олмон кор ё таҳсил намоям, зеро додгоҳ ҳанӯз ба баррасии парвандаи ман шурӯъ накардааст. Яке аз дӯстонам ҳаққи иқомат барои як солро дарёфт кард, аммо дархости дуввумӣ рад карда шуд. Маро ҳоло барои суҳбат даъват накардаанд.     

Тоҷикистониҳо ба кадом кишварҳои Аврупо мераванд?

Миёни ҳазорҳо мухолифон, рӯзноманигорон ва фаъолони тоҷик, ки талоши дарёфти паноҳандагӣ дар Аврупоро доранд, муҳоҷирони меҳнатии собиқ аз Русияро низ дидан мумкин аст. Онҳо Русияро баъди он тарк намуданд, ки онҷо вазъи иқтисодӣ бад ва қонунҳои марбут ба муҳоҷират шадид шуд.

Наргиси 43-сола ҳамроҳ бо модар ва чор тифлаш се сол мешавад, ки дар талоши дарёфти паноҳандагӣ дар Аврупо аст. Онҳо ба се кишвари аврупоӣ муроҷиат карда, вале ҷавоби рад гирифтаанд:  

-Шавҳарамро пас аз депорт шуданаш аз Русия бо иттиҳоми дуздӣ 11 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Маҷбур шудам, ки худам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия биравам, кӯдакон ҳамроҳи модарам дар ноҳияи Рӯдакӣ буданд. Аммо онҷо кор наёфтам ва тасмим гирифтам, Аврупо биравам.

Модар ва кӯдаконро ба Русия овардам, аз онҷо ба Белорус ва баъд ба Лаҳистон рафтем. Пас аз чанд моҳ дар Лаҳистон ба мо посухи рад доданд. Аз онҷо ба Олмон рафтем ва онҷо низ ду бор дархости мо рад карда шуд. Ҳоло дар Ҳолланд ҳастем. Як маротиба ҷавоби рад доданд, ҳоло бори дуюм додгоҳро интизорем. 

Агар дар Тоҷикистон мушкили сиёсӣ медоштам, шонси мондан дар Аврупо бештар мешуд.

Барои кӯдакон зиёд нигарон ҳастам. Онҳо аз таҳсил хеле қафо мондаанд. Аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан бо чор кӯдак хеле душвор аст. Агар дар Тоҷикистон кори хуб медоштам, ҳеч гоҳ орзуи чунин рӯзро намекардам. Кӯдакон ва модари пирамро ин қадар овора намекардам.

53243763_399625214166582_8807704311673913344_n
53224158_269583277279808_255363061609660416_n
53421846_430544851032262_8023047673986678784_n

Урдугоҳ барои гурезаҳо дар Олмон: Акс аз CABAR.asia

Ҳоло, пас аз он ки дар пайи вуруди гурезаҳои зиёд сиёсати муҳоҷирати кишварҳои Ғарб тағйир хӯрд, барои тоҷикистониҳо дарёфти мақоми паноҳандагӣ ё ҳаққи иқомат хеле душвор гардид.

Бино ба иттилои расонаҳои ғарбӣ ва Тоҷикистон, соли 2016 мақомоти Лаҳистон ба беш аз се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ ҷавоби рад дода, танҳо 539 нафар ҳаққи иқоматро пайдо кардаанд.

Соли 2017 ҳудуди ду ҳазор тоҷикистонӣ аз Аврупо паноҳандагӣ хостааст, ки наздики 1,2 ҳазори он ба Олмон рост меояд. Аммо мақомоти Олмон танҳо ба 264 нафар мақоми паноҳандагӣ додаанд.

Ба гуфтаи ҳолдонҳо, шонси онҳое бештар аст, ки дар Тоҷикистон фаъол буданд, аз ҷумла рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ. Аз ин рӯ, бархеҳо аз ҳиллаҳои гуногун истифода мекунанд, то мақоми паноҳандаро ба даст биёранд, мисли Сафар – як муддаӣ барои дарёфти паноҳандагӣ:  

-Қаблан, ман дар Русия мардикорӣ мекардам ва якуним сол натавонистам музди меҳнатамро бигирам. Маҷбур будам, аз дӯстон қарз намуда, ба волидонам равон кунам. Зери бори қарз мондам ва тасмим гирифтам ба Аврупо биравам.

Шунидам, ки чанд рӯзноманигор чӣ дар Олмон ва чӣ дар Лаҳистон барои паноҳандагӣ посухи мусбат гирифаанд. Маҷбур шудам, худро журналист муаррифӣ кунам. Агар мушкили сиёсӣ намебуд, шонси инҷо мондан ҳам намедоштам. Шаш моҳ пеш барои суҳбат рафтам, вале ҳанӯз дар масъалаи баррасии парвандаам посухе нагирифтаам.     

Аммо бародараму ҳамсараш, ки ду кӯдак доранд, бо сабаби бемории писараш дар Олмон ҷавоби мусбат гирифтанд.


Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, таҳия шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.