© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар ҳарду ҷониби марзи Тоҷикистону Қирғизистон: даъват ва орзуҳои муштарак

Аз рӯёрӯии хушунатомез миёни сокинони рустои Оқсой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистон) як моҳ сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз зиндагии сокинони ду тарафи марз мисли қабл оддиву роҳат нашудааст. Аз 4 то 6 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ҳайъатҳои ҳукуматии ду кишвар дар мавриди аломатгузории марзи давлатӣ доир гардид. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки дар ин мулоқот чӣ тасмимҳое гирифта шудааст.     


Подпишитесь на наш канал в Telegram!


На русском English

10 апрел. Чаҳоршанбе. Маъмулан дар ин рӯзи ҳафта кӯчаҳои Ворух серодаманд. Соли 2008 инҷо бозори “Ваҳдат” ба фаъолият оғоз кард, ки миёни мардум ҳамчун Чоршанбебозор маъруф аст. Он ҳафтае танҳо як рӯз – чаҳоршанбе фаъол аст. 

Инҷо натанҳо маводи ғизоӣ, балки либосу попуш ва ҳатто масолеҳи сохтмониро мешавад харид. Асосан тоҷирони шаҳри Исфара ва рустоҳои наздимарзии Қирғизистон ба ин бозор меоянд.

Пас аз боз шудани марз бо Узбекистон, тоҷирони деҳоти Узбекистон низ барои фурӯш маҳсулоти гӯштӣ, либос ва ширинӣ оварданд. Сокинони Оқсой бошад, инҷо орду маҳсулоти нонӣ, равғани растанӣ, хуроки чорво ва нуриҳои маъданӣ савдо мекарданд.

Чоршанбебозор. Photo: CABAR.asia
Бунёд. Photo: CABAR.asia

Бунёд, сокини 45-солаи шаҳри Исфара аз рӯи ихтисос омӯзгор аст, аммо 20 соли ахир ҳафтае як маротиба ба Ворух меояд, то либоси кӯдакона бифурӯшад. Дар ин муддат ин ҷо дӯстони зиёд ва муштариҳои доимӣ пайдо карда, ҳатто барои баъзеҳо молашро насия ҳам медиҳад.   

13 март, рӯзи ҳодисаи бархӯрд дар марз Бунёд дар бозор қарор дошт. Он рӯз савдояш омад кард, зеро дар оғози баҳор ҳама либоси сабук мехаранд. Ӯ мегӯяд, он вақт деҳа ором ва серодам буд.

“Он рӯз руҳияи баҳорӣ эҳсос мешуд. Танҳо шом, вақте ба хона баргаштам, шунидам, ки дар Ворух бо ҳамсояҳо муноқиша сар зада, роҳро бастаанд”, — мегӯяд Бунёд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз як ҳафта вақте инҷо омад, бозорро шинохта намешуд – одамон хеле кам буданд ва савдо омад намекард. Ин ҳол ҳанӯз ҳам идома дорад. Ба андешаи Бунёд, баъди ҳаводиси марзӣ ҳоло ҳам тарси аз хона берун шудан одамонро тарк накардааст, харидорон аз рустоҳои ҳамсоя низ дигар инҷо намеоянд. 

“Пас аз 13 март тиҷорат барор намегирад. Агар дар гузашта рӯзона 1500-2000 сомонӣ ($160-210) савдо мекардам, баъди низоъ се маротиба кам шуд”,-идома медиҳад Бунёд.

Чоршанбе базар. Photo: CABAR.asia

Фарохони Ворух

Рӯзҳои ташаннуҷи авзоъ миёни сокинони Оқсой (Қирғизистон) ва Ворух (Тоҷикистон) дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле “Фарохони Ворух” (манифест) пайдо шуд. Муаллиф навишт, ки зиндагии оқсоиҳо аз фурӯши молу колояшон ба тоҷикистониҳо бастагӣ дорад ва даъват кард, маҳсулоти қирғизистониҳо таҳрим ва соҳибкорони маҳаллӣ пуштибонӣ шаванд.

Ва чанде ҳам ин даъватро пазируфтанд, ки ба беҳтар шудани савдои баъзе тоҷирони Ворух, дақиқан фурӯшандаҳои маводи ғизоӣ, орд ва равған оварда расонд. 

Аммо на ҳама сокинони маҳаллӣ аз пешниҳоди таҳрими маҳсулоти қирғизӣ пуштибонӣ мекунанд. Расул Раҳимиён, ки дар Ворух ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад, мегӯяд, тиҷорати мутақобил бо ҳамсояҳо вазъи иқтисодии минтақаро тақвият мебахшад. 

Расул Раҳимиён. Photo: CABAR.asia

“Пештар дар бозор сокинони Оқсой, ки барои тиҷорат меомаданд, хеле зиёд буданд. Аммо пас аз ҳаводиси ахир, як тоҷири оқсойиро надидам, ҳарчанд баъзе харидорон омада буданд. Фарохон чизи дурусте нест. Агар ба таърих нигоҳ кунем, мебинем ки рушди иқтисод аз содироту воридот ва умуман муносибати хуб бо ҳамсояҳо алоқамандии зич дорад”, -мегӯяд Раҳимиён.

Мутаиб Алимов дар Чоршанбебозор маҳсулоти ғизоӣ мефурӯшад. Ӯ сокини Ворух аст ва то ҳаводиси ахир бо ҳамсояҳо аз Қирғизистон иртиботи хуби тиҷоратӣ дошт. Аммо ҳоло маҷбур аст, тамоми маҳсулотро барои савдо аз шаҳри Исфара биёрад. Бо вуҷуди он ки феълан тиҷораташ хуб аст, мехоҳад масъалаи марз ҳар чӣ бештар ҳал карда шавад.  

Ҳоло як халта орд (50 кг, навъи 1) дар бозор 175 сомонӣ ($18) арзиш дорад. То низоъ имкон дошт, аз фурӯшандаҳои қирғиз он бо қиммати 150 сомонӣ ($16) харида шавад. Рӯзҳое ки роҳ баста буд, ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, арзиши орд то 200 сомонӣ ($20) боло рафт. 

Ҳаитбой Ҳоҷиматов. Photo: CABAR.asia

Ҳаитбой Ҳоҷиматов се сол қабл дар Чоршанбебозор махзан ё контейнере ба иҷора гирифт ва ба фурӯши орду равған шурӯъ кард. Ӯ мегӯяд, пас аз ҳаводиси ахир бархе савдогарон барои ба даст овардани даромади зиёдтар ордро бо қиммати бештар ба фурӯш бароварданд.

“Ду ҳафта баъд аз ҳаводис савдо якбора шиддат гирифт. Одамон ба ваҳшат афтида, ду-се халтаӣ орд мехариданду маҳсулот захира мекарданд. Аммо ҳоло тамоман савдо нест. Шояд ҳама ором шудаанд”.

Танаффуси зиндагӣ

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, пас аз ҳаводиси ахир на танҳо вазъи бозор, балки зиндагии сокинони Ворух ҳам тағйир ёфт.

Марде, ки тақрибан 60 сол дошт ва дар даромадгоҳи бозор меистод, гуфт, мехост аввалҳои баҳор кори сохтмонро шурӯъ кунад, аммо ҳоло намехоҳад маблағеро ки фарзандони муҳоҷираш аз Русия фиристодаанд, сарф кунад.  

“Барои дӯхтани курпача матоъ харидам. Духтарамро шавҳар доданӣ будам. Аммо феълан тӯйро мутавақиф кардем. Масъалаи марз ҳал шавад, пасон бо хотири ҷамъ тӯй мекунем”,-гуфт зане ки барои харид ба бозор омада буд.

Ворух. Photo: CABAR.asia

Бунафша Оқилова наздик ба 15 сол аст ки дар ҷамоати Ворух кор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, муаллифи фарохон як сокини шаҳри Исфара мебошад, ки дар Ворух ба дунё омадаву ба воя расидааст.

“Бо ин таҳримҳо сокинон мехоҳанд, норозӣ будани худро баён созанд. Ҳарчанд дар мулоқот бо сокинон раиси вилоят ба ҳама тавсия дод, ки муносибати дӯстона ва ҳамсоядориро бо оқсойиҳо ҳифз кунанд, мардум наметавонанд вазъи ба миёномада ва ранҷишашон барои хонаводаҳои қурбониёнро фаромӯш созанд. Аммо барои ҳамаи сокинон сулҳу оромӣ лозим аст”,- таъкид мекунад Оқилова.

Мадад, сокини 30-солаи Оқсой беш аз панҷ сол мешавад, ки назди манзили худ, дар роҳе, ки ба Ворух мебарад, маҳсулоти ғизоӣ ва сузишворӣ мефурӯшад. Ҳамарӯза аз назди ӯ садҳо мошин ва мусофирон мегузаранд, ки ҳар кадом муштариёни эҳтимолӣ ҳастанд. Аз ӯ натанҳо маҳсулоти ғизоӣ, балки бензину соляркаро мешавад бо нархи дастрас дарёфт кард.

Мадад дар Ворух ва Чоркуҳ ошноҳои зиёде дорад, вале пас аз ҳаводиси марзӣ шиносҳои тоҷикаш аз харидани маҳсулоти ӯ даст кашидаанд.

“Рӯзҳое ки низоъ бархест, барои хонавода ва кӯдаконам зиёд тарсидам. Аммо ончӣ шуд, гузашт. Ҳоло муҳим нест, ки бо айби кӣ ин ҳодиса сар зад. Набояд низоъро идома диҳем. Барои мардуми ҳар ду тараф сулҳ лозим аст. Ман мехоҳам, ки раҳбарияти ҳар ду кишвар тасмими дуруст бигиранд, ки ба фоидаи мардум бошад”,-мегӯяд ӯ.

Тасмими мақомотро Айбек, тоҷири 26-сола аз рустои наздимарзии Қоқ-Тереки Қирғизистон ҳам мунтазир аст. Ӯ ба фурӯши орд, маводи ғизоӣ, маҳсулоти аввалияи рӯзгор ва маводи сӯхт машғул аст.

“Намедонам ки тақдири тиҷорати ман чӣ мешавад. Аммо ҳоло намехоҳам дар ин бора фикр кунам. Муҳим ин аст ки раҳбарон масъалаи аломатгузории марзро ҳарчӣ зудтар ҳал кунанд, зеро ҳоло ҳамаи мо танҳо дар бораи сулҳ фикр мекунем. Дар пайи чунин ҳодисаҳо мардуми оддӣ зиён мебинанд”, — мегӯяд Айбек.

Муҳаммадраҳим Тухсанов. Photo: CABAR.asia

Тоҷикистониҳо низ ҳаминро интизоранд. Муҳаммадраҳим Тухсанов, сокини 73-солаи маҳаллаи Майдони ҷамоати Ворух даъватҳои таҳрими молу колои ҳамсоякишварро ҷиддӣ нагирифтааст. Ӯ дар гузашта аз тоҷирони қирғиз неруҳои маъданӣ мехарид ва ҳоло низ қасди даст кашидан аз хизматрасонии онҳоро надорад.

“Ман аз солҳои 70-ум ба кишоварзӣ машғул ҳастам. Дар колхоз ҳамроҳ бо қирғизҳо кор мекардем. Он солҳо дар ин минтақа ҳамагӣ 10-12 хонаводаи онҳо зиндагӣ мекард. Сари як миз менишастем. Як мактаб ва як чойхона доштем. Раҳбарони ду кишвар бояд пешниҳодҳои моро ба назар бигиранд. Мо мехоҳем барои мо роҳи алоҳида бунёд шавад, роҳи куҳнаи Ворух. Замин, роҳу роҳрав ва чарогоҳҳои мо муайян шавад. Танҳо дар ин сурат метавонем аз ояндаи худ ва фарзандонамон роҳат бошем”,-мегӯяд Тухсанов.

Авзоъ дар ҳар ду тарафи марзи Тоҷикистону Қирғизистон содда нест. Раҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ талош доранд, аҳолиро ором ва руҳияи онҳоро баланд бардоранд. Новобаста ба хати марз, ки онҳоро ҷудо мекунад, ҳама як орзу ва ҳадаф доранд: сулҳ ва оромӣ. Ҳоло чашмҳои онҳо сӯйи раҳбарони кишварҳояшон духта шудааст.  


Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.