© CABAR - Central Asian Bureau for Analytical Reporting
Please make active links to the source, when using materials from this website

Have an uncle? You will be a pilot ! (in Tajik)

“Дарвоқеъ, фурудгоҳро дарвозаи кишвар ва муаррификунандаи фарҳангу маданияти мардуми он меноманд, ки дар хотираи меҳмонону сайёҳон нақши муассир мегузорад, зеро бахусус меҳмонон таассуроти аввалини худро нисбат ба давлату миллат маҳз аз ҳамин мавзеъ, яъне фурудгоҳ ҳосил мекунанд.”

Ин нутқиайнаннақлшудаи кист, дар интиҳои матлабхоҳед хонд. На танҳо таассуроти аввалин, балки таассуроти охирини меҳмонон низ аз фурудгоҳ ҳосил мешавад. Дар воқеъ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) дар хотираи меҳмонону сайёҳон чӣ нақше гузоштааст? Кофист аз ду ҳолати муносибати ФБД нисбатимеҳ мононусайё ҳонёдовар шавем.

Ҳолати нахуст, муносибат бо гуруҳи “Барака” аст, ки дар даҳаи аввали моҳи августи соли гузашта иттифоқ афтоду буд. Овозаи муносибати “самимӣ” ва “муаррифии фарҳангу маданияти” мардумимотариқи ФБД гӯши ҷаҳонро кар карда буд.

Ҳолатидувум низ дар моҳиавгусти соли гузашта иттифоқ афтодааст. Оксана Хейгетян, рӯзноманигор аз ФедератсияиРусия тамоми мазҳакаи ФБД-ро дар саҳфаи матбуот рехт. Хейгетян баъд аз муносибати сард ва ғайриҳирфаӣ бо ӯ навишта буд, ки: “Тоҷикистонро бо марворид монанд медонам. Воқеан дӯстдоштанист, аммо дар дастоне уфтода, кикамрангу беҷило шудааст. Даҳшатнокаст, зеро марворид хосияти нобуд шуданро дорад. Таманно дорам, ки Тоҷикистон ба хотири дубора эҳё шудан ба зудӣ дастонашро иваз кунад.” Шакке нест, ки ӯ танҳо “дастони” ФБД-ро дар назар дорад. Дар паҳнаи интернет ин матолиб маҳфуз аст ва ҳар хоҳишманд метавонадба он дастрасӣ дошта бошад.

Он чинигаронкунанда аст, ин аст, ки ҳолатҳои мазкур аввалину охирин нестанд. Дар маҷмуъ, танҳо мусофирони хориҷӣ дар ФБД мувоҷеҳба муносибати сард намешаванд, мусофирони дохилӣ муносибати сардтареро таҳаммул мекунанд, аммо “сари кафидаро таги тоқӣ нигаҳ медоранд.”

Чаро муносибат дар ФБД чунин аст?

Таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки хешу таборчигӣ дар ин ниҳод реша давонидааст ва сабабгори беназмии Фурудгоҳи Душанбе маҳз ҳамин омил аст.

Аз он ки як духтар ва ду домоди директори генералии ФБД Рустам Холиқовҳамроҳаш дар ин ниҳод фаъолият мекунанд, бисёриҳо бохабарнд. Тақрибан бисёриҳо. Зеро ба ҳангоми ҷамъоварии маълумот дар яке аз ниҳоди қудратии кишвар ба маҳзи шунидани мавзуи мавриди таҳқиқот, бадоҳатан гуфтанд: “Кабк аз даҳонихудаш тир мехӯрад.Ҳамин Рустам Холиқов ҳамаҷой гуфта мегардад, ки фарзандонаш ҳамроҳаш кор мекунанд.” Маълум мешавад, ки ниҳодҳои қудратӣ ҳам аз хешутаборчигӣ дар ФБД огоҳ ҳастанд. Яъне, аз мавҷудияти омили корупсионӣ дар ин ниҳод маълумот дар дасти мақомот мавҷу даст.

Ҳоло дар ФБД 1400 нафар дар бахшҳо ва хадамотҳои гуногун фаъолиятмекунанд. Сарчашмаҳоеки дар давоми таҳқиқот барои мо маълумот дастрас мекарданд, ҳамчунин мегуфтанд, ки дар ФБД болои хешутаборчигӣ маҳалгароӣ низ ҷой дорад. Зодагони як ноҳияи мушаххас аз Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон дар ФБД хеле зиёданд. Сарчашмаҳои мо ин омилро ба он рабт медоданд, ки яке аз мансабдорони калидии ФБД аз минтақаи мазкураства кӯшиш мекунад, ки “ҳамшаҳриҳои” бештари худро дар фурудгоҳ бо кор таъмин намояд. Дар бораи маҳалгароӣ маълумоти аз ин бештарро нашр намекунем.

Чаророҳбарони ФБД кӯшишмекунанд, кихешутаборашонромаҳз дар ҳаминниҳод ба кортаъминкунанд?

Ин суолромо аз сарчашмаҳоямон пурсидем. Маош, шароит, зери даст – се омиле, ки роҳбаронро моил кардааст аҳли байташонро ба кор дар ФБД таъмин кунанд. Маоши як корманди қатории ФБД, кибо реҷаи як рӯзи корӣ ва ду рӯзи истироҳат фаъолият мекунад, иборат аз 2000 сомонӣ аст. Вобаста ба вазифаи ишғолкарда ин маблағ боло меравад, кипоин не.

Сарчашмаҳои мо таъкид мекунанд, ки “қисми қобили мулоҳизаи кормандони фурудгоҳ фарзанд, бародар, хоҳар, занибародар, ҳамсарихоҳар…”-и кадоме аз кормандони болоии ФБД ҳастанд. Ба ибораи мардумӣ, кормандони қаторӣ дар миёнираҳбарон “тағо” доранд.

Мо тавонистем, ки рӯйхати нопурраи хешу табори ду нафар аз раҳбарони ФБД-ро дастрас кунем.

Пайвандони Мизробов Ноёбшо Сулаймонович, сардори Хадамоти хизматрасонии рӯизаминии ФБД:

1.       Мизробов Назришо Сулаймонович, бародар; ронандаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;

2.       Мизробов Раҳмоншо Сулаймонович, бародар; ронандаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;

3.       Мизробов Зафар Сулаймонович, бародар, (ронанда);

4.       Мизробов Сироншо Сулаймонович, бародар;

5.       Мизробов Умар Сироншоевич, бародарзода; ронандаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;

6.       Мизробов Ҳакимҷон Сироншоевич, бародарзода;

7.       Бобобеков Шамсидин Садридинович, бародариҳамсари Ноёбшо Сулаймонович; ронандаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;

8.       Каримов Исмоил Иброҳимович, бародариҳамсари Ноёбшо Сулаймонович; челонгари хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;

9.       Салихов Шарофидин Ҳомидович, аз пайвандони Ноёбшо Сулаймонович;

10.    Салихов Кароматулло Шарофудинович, аз пайвандони Ноёбшо Сулаймонович;

11.    Салихов Хайрулло Шарофидинович, аз пайвандони Ноёбшо Сулаймонович;

12.    Салихов Иброҳим Шамсиддинович, аз пайвандони Ноёбшо Сулаймонович;

13.    Ниёзов Қиёмиддин Саидович, шавҳарихоҳари Ноёбшо Сулаймонович;

14.    Бобобеков Саодат Каримовна, (фаррошитайёраҳо), ҳамсари Мизробов Зафар Сулаймонович;

15.    Каримов Иброҳим, падарарӯси Зафар Сулаймонович, (падари Саодат);

16.    Каримов Исмоил Иброҳимович, додарарӯси Зафар Сулаймонович;

17.    Ниёзов Қиёмиддин Саидович, пайванди Мизробовҳо; оташнишони хадамоти ҷустуҷӯи садамавиву наҷотдиҳии таъминоти парвозҳо;

Пайвандони ҚурбоновТабар Ҳасанович, сардорихадамоти фурудгоҳ;

 

  1. Қурбонова Зарина Табаровна, духтари Табар Ҳасанович; Агенти хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ;
  2. Холиқов Бобоҷон Қодирович, домодиТабар Ҳасанович; Ронандаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ;
  3. Қурбонов Махкам Табарович, писари Табар Ҳасанович; Авиатехники хадамоти муҳандисӣ-авиатсионӣ.

Таъкид мекунем, ки ин рӯйхати нопурраи ду нафар аз роҳбаронаст. Рӯйхати комили хешу табори дигар сардорони ФБД–ро танҳо тавассути мақомоти дахлдор оид ба санҷиши ҳолати корупсия дар ин ниҳод мешаваддастрас кард. Маврид ба зикраст, ки мо барои дастрас кардани рӯйхати кормандони ФБД ба ин ниҳод мактуб фиристода будем. Ҷавоб ин буд, ки “ФБД ниҳодиреҷавӣаст, бинобар ин наметавонад маълумоти мазкурро дастрас гардонад.”   

 

Дар соли 2008 Корхонаивоҳиди давлатии “Тоҷик Эйр” барҳам хӯрдва дар заминаи он Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ФБД таъсис шуд. Аммо сад дарсади саҳмияҳои ин ҷамъият дар ихтиёри давлат аст. Ба ин далел ФБД ниҳоди давлатӣ ба ҳисоб меравадва Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди корупсия” комилан дар Фурудгоҳ амал мекунад. Вобаста ба ҳолати хешу таборчигӣ дар ФБД қонуни мазкур чӣ амалкарде дорад, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТпосух медиҳад:

Тибқи муқаррароти моддаи 9 Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди корупсия”

1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад:

– бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишғол кардаанд.

Ин банди қонунро сода карда ба хонанда бирасонем, чунин маънӣ дорад: Мизробов Ноёбшо Сулаймонович ва Қурбонов Табар Ҳасанович амали корупсионӣ анҷом додаанд.

Бисёр мехостем, ки қабл аз нашри мавод бо директори генералии ФБД Рустам Холиқов ҳамсуҳбат шавем, мавқеъ ва посухи ӯро дарёфт кунем. Аммо богузашти 4 рӯзи корӣ ба мактуби расмии худ оиди барпо кардани мусоҳиба посух дарёфт накардем. Ҳамакнун суолҳои мусоҳибаи доир нашударо инҷо мегузорем:

Муҳтарам Рустам Холиқов!

1)       Кӣ сабаб шудааст, ки ин қонуншиканӣ дар ФБД рух диҳад?

2)       Оё Шумо аз мавҷудияти хешутаборчигӣ дар ФБД дарак доред?

3)       Чаро Қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза бар зидди корупсия”-ро дар фаъолиятатон риоя намекунед?

Як нутқи айнан нақлшудаи дигар:

“Шароити терминал имконият медиҳад, ки дар як сол ба як миллиону 200 ҳазор нафар мусофирон дар сатҳи меъёрҳои ҷаҳонӣ хизмат расонида шавад.

Ҳамзамон бо ин, дар ин ҷо садҳо нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки таъмин намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба мусофирон, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани ҳавопаймоҳо ва истифодаи самарабахши таҷҳизоти техникии фурудгоҳҳо дар навбати аввал аз донишу малакаи кадрҳо вобастагӣ дорад.

Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби кадрҳои баландихтисос барои терминали нави фурудгоҳи байналмилалӣ қабули кормандонро тибқи озмун ба роҳ монда, мутахассисони соҳибкасби техникавутехнологияҳои муосир, донандаи забонҳои хориҷӣ ва дорои фарҳанги баланди муоширатро ба кор ҷалб намоянд.”

Бале, ҳам иқтибоси боло ва ҳам иқтибоси поин аз суханронии Президент Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи кушодашавии терминали нави ФБД, 3 сентябри соли ҷорӣ аст. Суолинҷост: “садҳо нафар сокинони кишвар”, ки дар терминалинав ба кор ҷалб мешаванд, кӣ хоҳанд буд?

Инҷо нуқта мегузорем. Агар мақомот хоҳиш дошта бошанд, ки меҳмонону сайёҳон дар бораи Тоҷикистон бад нагӯянд, пас “парчам ба дасташон”. Идомаи санҷиш ва таҳқиқ дар ихтиёри мақомот, агар зарур донанд, дар рафти санҷиш эшонро ҳамроҳӣ хоҳем кард.

Екуб Саид, участник проектов Scoop и IWPR в Таджикистане по журналистским расследованиям  

YokibisaidЁкуби Саид  – это творческое имя журналиста расследователя в Таджикистане. Его настоящее имя Халимов Ёкуб Саидович. Несмотря на свою молодость, ему 27 лет, он довольно известный журналист. Член Союза журналистов страны. Работал в качестве корреспондента во многих печатных и радио СМИ  Таджикистана. В его архиве более 60 радиорепортажей и статей, в том числе и в жанре журналистского расследования. Проходил тренинги и стажировки известных мировых СМИ, таких как BBC,  Академии ОБСЕ и Немецкой волны в Бишкеке,  IWPR .    

Его расследование « Таго дори- ронандаи тайёра хоҳӣ шуд”, (“Имеешь дядю – станешь летчиком”) показало, что в Душанбинском международном аэропорту все должности, начиная от летчиков до уборщиц в самолетах распределяются исключительно между родственниками  двух самых крупных руководителей этого государственного учреждения.  По итогам его статьи Агенство по борьбе с коррупцией Таджикистан обещало проверить все вскрытые им факты. Однако на сегодняшний день пока никаких результатов не получено.

 

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: